Имкони ба лоиҳаи CASA-1000 сармоягузор шудани Русия

Русия ба сохтмони Лоиҳаи минтақавии интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-1000) сармоягузор шуда метавонад. Директори Фонди рушди энергетикӣ Сергей Пикин ба ВАО-и Русия дар ин робита иттилоъ додааст , ки айни замон лоиҳаҳои марбут ба тақвияти робитаҳо миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор доранд. «Ин ҷо Русия аз […]

ASIA-Plus



Русия ба сохтмони Лоиҳаи минтақавии интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-1000) сармоягузор шуда метавонад.

Директори Фонди рушди энергетикӣ Сергей Пикин ба ВАО-и Русия дар ин робита

иттилоъ додааст

, ки айни замон лоиҳаҳои марбут ба тақвияти робитаҳо миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор доранд.

«Ин ҷо Русия аз як тараф метавонад сармоягузори лоиҳаи CASA-100 бошад ва аз ҷониби дигар Русия дар Тоҷикистон иншооти зарурии интиқол дорад, ки ба Афғонистон нерӯи барқ интиқол дода метавонад», – иброз доштааст Пикин.

Ӯ таъкид доштааст, ки замоне Русия ба сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» маблағгузорӣ намуд, «вале дар амал Тоҷикистон меъёри зарурии худкифо будани онро таъмин карда натавонист ва лоиҳаи CASA-1000 метавонад ҳаҷми лозимаи содироти нерӯи барқро таъмин кунад, то ки ин нерӯгоҳ дар ниҳояти кор даромаднок шавад».

Ба гуфтаи ӯ, бинобар сабаби чанин маротиба аз ҷониби ҷангиён хароб шудани хатҳои интиқоли барқ, айни замон Афғонистон ба таъмини бехатарии чунин иншоот қодир набуда, бо ин сабаб сармоягузорӣ бештар бо хатари нобудшавӣ марбутанд. «Нерӯҳои эътилофи байнулмилалӣ он ҷо кам мешаванд ва нерӯҳоӣ дохилӣ алҳол аз уҳдаи иҷрои чунин кор набаромада истодаанд», – қайд кардааст С.Пикин.

Номбурда ҳачунин зикр кардааст, ки сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар қаламрави худи Афғонистон низ ба ҳамин мушкилот вобаста аст. «Замоне бунёди нерӯгоҳи барқи обии Даштиҷум тарҳрезӣ шуда, бо сабаби мушкилоти сиёсӣ ин иқдом амалӣ нагардид ва мушкилоти асосӣ чун пешина ба таъмини бехатарии сохтмон вобаста аст», – қайд кардааст дар шарҳи ин масъала С.Пикин.

Қобили зикр аст, ки қаблан сарони кишварҳои иштирокчии CASA-1000

изҳор доштанд

, ки дар маросими гузоштани хишти аввал ба сохтмони хатти интиқоли барқ ва дигар зербинои ин лоиҳа дар Душанбе иштирок карданианд.

Амалисозии лоиҳа ба интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистону Покистон дар ҳаҷми 1300 МВт дар сол аз ҷониби Тоҷикистону Қирғизистон имкон медиҳад. Дар лоиҳаи CASA-1000  сохтмони хатти интиқоли барқи минтақавӣ барои дар мавсими тобистон аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон  интиқол додани нерӯи барқи зиёдатӣ пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин амалисозии ин лоиҳа ба таҳияи механизмҳои савдои барқ ва таъсиси бозори минтақавии нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASAREM) низ мусоидат менамояд.

Оғози корҳои бевоситаи амалисозии лоиҳаи CASA-1000  моҳи майи соли ҷорӣ дар назар аст. Ба ҷудо кардани воситаҳо барои сохтмони қитъаи тоҷикистонии лоиҳаи мазкур Бонки ҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд, Бонки аврупоии таҷдиду рушд, Агентии ИМА оид ба рушди байнулмилалӣ ва ҳукумати Британияи Кабир розӣ шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова