Боздошти тоҷики мавриди пайгард қарордошта дар Маскав

Дар Ивантеевкаи вилояти Маскав як зодаи Тоҷикистон боздошт шудааст, ки барои иштирок дар гурӯҳи ҷиноятпеша мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ қарор дошт. Бино ба иттилои  сомонаи расмии Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Маскав, кормандони пулис рӯзи 10 март дар яке аз хонаҳои кӯчаи Хлебозаводскаяи Ивантеевка шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистонро боздошт кардаанд. «Зимни санҷиши ҳуҷҷатҳо муайян карда шудааст, ки […]



Дар Ивантеевкаи вилояти Маскав як зодаи Тоҷикистон боздошт шудааст, ки барои иштирок дар гурӯҳи ҷиноятпеша мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ қарор дошт.

Бино ба

иттилои

 сомонаи расмии Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Маскав, кормандони пулис рӯзи 10 март дар яке аз хонаҳои кӯчаи Хлебозаводскаяи Ивантеевка шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистонро боздошт кардаанд.

«Зимни санҷиши ҳуҷҷатҳо муайян карда шудааст, ки ин шахс аз ҷониби Тоҷикистон барои даст доштан дар содир намудани ҷиноятҳои пешбинишуда дар моддаи 187 КҶ ҶТ (иштирок дар иттиҳоди ҷамъиятӣ) таҳти пайгарди байнулмилалӣ қарор дорад», – зикр мегардад дар хабар.

Гуфта мешавад, мутобиқи ин модда ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то 12 сол пешбинӣ шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".