Дар маҳфили «Гуфтугӯи тамаддунҳо» аз Отахон Латифӣ ёдоварӣ мекунанд

ASIA-Plus



Дар маҳфили навбатии «Гуфтугӯи тамаддунҳо»-и профессор Ибрҳим Усимонов, ки 18 март дар Душанбе доир мегардад, аз фаъолияти журналисти саршиноси тоҷик Отахон Латифӣ ёдоварӣ мекунанд.

Мавзӯи маҳфили 18 март «Ҷойи Отахон Латифӣ дар тамаддуни тоҷик» унвон шуда, дар он дар он шогирдону дӯстони журналист иштирок ва аз хотироти марбут ба ӯ андешаҳои худро баён мекунанд.

Отахон Латифӣ 18 марти соли 1936 дар шаҳри Панҷакенти вилояти Ленинобод (Суғди имрӯза) ба дунё омада, соли 1963 бо ихтисоси журналист Донигоҳи давлатии Ленинградро хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1957 аз колхозчӣ оғоз намуда сипас солҳои гуногун ба ҳайси рӯзноманигор дар газетаҳои «Комсомолец Таджикистана», «Комсомоли Тоҷикистон” (1963-1967), мухбири махсуси «Комсомолская правда» дар Тоҷикистон, Ӯзбекистон, хабарнигори махсус дар Осиёи Миёна, хабарнигори махсуси «Правда» дар Тоҷикистон (солҳои 1973-1989), ҳамчунин дар мансабҳои инструктори Кумитаи марказии комсомол ва ғайра ифои вазифа намудааст.

Соли 1989 ба вазифаи муовини раиси Шӯрои Вазирони Тоҷикистон таъин шуда ,то соли 1991 дар ин вазифа кор мекунад. Баъдан боз ба кори эҷодӣ мегузарад. Соли 1991 мухбири махсуси рӯзномаи «Известия» ва ҳафтаномаи «Союз» – «Жизнь» будааст.

Отахон Латифӣ бар асари воқеаҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон иҷборан тарки ватан карда, то соли 1997 чанд муддат дар Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Исломии Эрон кору зиндагӣ кардааст. Вай раҳбари Маркази ҳамоҳангсозии нерӯҳои демократӣ дар кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ буд.

Отахон Латифӣ яке аз ташаббускорони оғози музокироти Сулҳи байни тоҷикон буда дар барқарории сулҳу оштии миллӣ дар Тоҷикистон хизматҳои бебаҳо кардааст. Пас аз ба имзо расидани Созишномаи сулҳ, ки ин рӯйдод 27 июни соли 1997 ба вуқӯъ пайваст, Отахони Латифӣ ба Душанбе баргашт аз моҳи сентябри соли 1997 то дами марг ба ҳайси раиси зеркумиссиюни ҳуқуқии Комисияи оштии миллии (КОМ) Тоҷикистон ба кор пардохт. О.Латифӣ раисии зеркомиссияи КОМ оид ба масъалаҳои ҳуқуқиро ба ӯҳда дошт.

Субҳи 22 сентябри соли 1998 Отахон Латифӣ дар маркази шаҳри Душанбе, дар наздикии қароргоҳи КОМ кушта мешавад. 26 январи соли 1999 ВКД Тоҷикистон изҳор кард, ки яке аз қотилони Латифӣ Равшан Ғафуров ҳангоми фирор аз боздоштгоҳ парронда шуд. 7 июни соли 2000 бошад, Суди Олӣ Абдулло Турсуновро, ки бевосита Латифиро ҳадафи тир қарор дода буд, 17 сол аз озодӣ маҳрум кард, ҷинояткори дигари ин куштор Нозим Воҳидов ҳангоми боздошт шудан безарар гардонида мешавад.

Отахон Латифӣ ҳамчун журналист, сиёсатшиносу сиёсатмадор дар ҷаҳони имрӯза маълуму машҳур аст. Дорандаи чандин ҷоизаҳои ҷумҳуриявиву байналмиллалӣ ҳаст. Узви Конфедератсияи байналмиллалии журналистони ҷаҳон буд. Барои хизматҳои шоистааш дар барқарории Сулҳу субот дар кишвар ӯ бо ордени «Шараф» мукофотонида шудааст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Наврӯз – бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ҳамаи мардуми шарифи кишварро бо ҷашни Наврӯз табрик мегӯяд.

Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" хонандагону корбарони худро бо иди Фитр табрик мегӯяд.

Расонаҳо: Қамчибек Тошиев ба Қирғизистон баргашт ва ба бозпурсӣ даъват шуд

Ӯ чун шоҳид дар доираи ду парвандаи ҷиноӣ бозпурсӣ мешавад.

Абрнок ва баъзан борон меборад. Ҳавои рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон

Дар баъзе минтақаҳо ҳатто боридани барф дар назар аст

Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе – Хуҷанд баланд шудааст?

Дар моварои иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз, ки дар...

Думаи давлатӣ қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон ва соҳибони патентро сангинтар кард

Бо чанде аз шартҳо онҳо ба тарки кишвар ё гирифтани патент барои худ уҳдадор мешаванд.