Эмомалӣ Раҳмон: ВАО дар ташаккули афкори умум нақши калидӣ доранд

ASIA-Plus



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон директори генералии ТАСС Сергей Михайлов ва муовини аввали ӯ Михаил Гусманро, ки барои иштирок дар

ҷаласаи

XXI Шӯрои роҳбарони агентиҳои иттилоотии давлатии кишварҳои ИДМ ба Душанбе омадаанд, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон оид ба нақши иттилоот дар ҷаҳони муосир изҳори ақида карда, зикр намуд, ки ВАО дар ташаккули афкори умум ва идора кардани он нақши калидӣ доранд, бино бар ин мо тамоми чорабиниҳоеро, ки ба ҳамкорӣ дар ин самт нигаронида шудаанд, ҳамаҷониба дастгирӣ мекунем.

«Вобаста ба воқеаҳое, ки дар ҷаҳони имрӯза, дар Шарқи Наздик, хусусан дар наздикии сарҳади ҷанубии ИДМ рух медиҳанд, ҳамкории самарабахши ВАО-и давлатҳои мо дар самти муқовимат ба тарғиботи таҳрифкоронаи қувваҳои терроризми ҷаҳонӣ ва ифротгароии диниву мазҳабӣ ниҳоят муҳим аст», – гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Дар рафти мулоқот ҳамчунин доир ба масъалаҳои гуногун, аз қабили муносиботи стратегии Тоҷикистону Русия, нақши Тоҷикистон дар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар мавзӯъҳои ҷолиб табодули афкор сурат гирифт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Наврӯз – бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ҳамаи мардуми шарифи кишварро бо ҷашни Наврӯз табрик мегӯяд.

Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" хонандагону корбарони худро бо иди Фитр табрик мегӯяд.

Расонаҳо: Қамчибек Тошиев ба Қирғизистон баргашт ва ба бозпурсӣ даъват шуд

Ӯ чун шоҳид дар доираи ду парвандаи ҷиноӣ бозпурсӣ мешавад.

Абрнок ва баъзан борон меборад. Ҳавои рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон

Дар баъзе минтақаҳо ҳатто боридани барф дар назар аст

Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе – Хуҷанд баланд шудааст?

Дар моварои иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз, ки дар...

Думаи давлатӣ қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон ва соҳибони патентро сангинтар кард

Бо чанде аз шартҳо онҳо ба тарки кишвар ё гирифтани патент барои худ уҳдадор мешаванд.