Эмомалӣ Раҳмон: ВАО дар ташаккули афкори умум нақши калидӣ доранд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон директори генералии ТАСС Сергей Михайлов ва муовини аввали ӯ Михаил Гусманро, ки барои иштирок дар ҷаласаи XXI Шӯрои роҳбарони агентиҳои иттилоотии давлатии кишварҳои ИДМ ба Душанбе омадаанд, ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон оид ба нақши иттилоот дар ҷаҳони муосир изҳори ақида карда, […]



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон директори генералии ТАСС Сергей Михайлов ва муовини аввали ӯ Михаил Гусманро, ки барои иштирок дар

ҷаласаи

XXI Шӯрои роҳбарони агентиҳои иттилоотии давлатии кишварҳои ИДМ ба Душанбе омадаанд, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон оид ба нақши иттилоот дар ҷаҳони муосир изҳори ақида карда, зикр намуд, ки ВАО дар ташаккули афкори умум ва идора кардани он нақши калидӣ доранд, бино бар ин мо тамоми чорабиниҳоеро, ки ба ҳамкорӣ дар ин самт нигаронида шудаанд, ҳамаҷониба дастгирӣ мекунем.

«Вобаста ба воқеаҳое, ки дар ҷаҳони имрӯза, дар Шарқи Наздик, хусусан дар наздикии сарҳади ҷанубии ИДМ рух медиҳанд, ҳамкории самарабахши ВАО-и давлатҳои мо дар самти муқовимат ба тарғиботи таҳрифкоронаи қувваҳои терроризми ҷаҳонӣ ва ифротгароии диниву мазҳабӣ ниҳоят муҳим аст», – гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Дар рафти мулоқот ҳамчунин доир ба масъалаҳои гуногун, аз қабили муносиботи стратегии Тоҷикистону Русия, нақши Тоҷикистон дар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар мавзӯъҳои ҷолиб табодули афкор сурат гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.