Натиҷагирӣ аз Олимпиадаи Академияи илмҳо миёни донишҷӯёни мактабҳои олӣ

Дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм барои дарёфти ҷоизаи «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъбаст карда шуд. Тавре Шервони Умриддин, котиби матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, Олимпиадаи мазкур бо ташаббуси президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ дар АИ ҶТ соли […]

Иттилоияи расмӣ



Дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм барои дарёфти ҷоизаи «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъбаст карда шуд.

Тавре Шервони Умриддин, котиби матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, Олимпиадаи мазкур бо ташаббуси президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ дар АИ ҶТ соли сеюмаст, ки доир карда мешавад.

Олимпиада аз рӯи 12 самти илмӣ, аз ҷумла математика, физика, химия, астрономия, геология, биология, иқтисодиёт, технологияҳои иттилоотӣ, забон ва адабиёти тоҷик, таърих, фалсафа ва ҳуқуқ баргузор гардид, ки дар он 33 муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва беш аз 300 нафар донишҷӯён қувваозмоӣ намуданд.

Аз рӯи ҷамъбасти Олимпиада 9 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 1 нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, 1 нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров ва 1 нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Н. Хусрав ҷои якумро ишғол намуда, бо дипломҳои дараҷаи якуми Олимпиада ва «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд.

Бо дипломҳои ҷои дуюми Олимпиада 4 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, 2 нафар донишҷӯёни Донишкадаи давлатии кӯҳию металлургии Тоҷикистон, 1 нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон, 1 нафар донишҷӯи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, 1 нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Н. Хусрав, 1 нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, 1 нафар донишҷӯи Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон ва 1 нафар донишҷӯи Филиали Донишгоҳи давлатии Масква ба номи М. Ламоносов дар шаҳри Душанбе сазовор гардиданд.

Дар Олимпиада 3 нафар донишҷӯёни Филиали Донишгоҳи давлатии Масква ба номи М. Ламоносов дар шаҳри Душанбе, 2 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 2 нафар донишҷӯёни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, 2 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Н. Хусрав, 1 нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, 1 нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон, 1 нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, 1 нафар донишҷӯи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, 1 нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, 1 нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ, ки ҷои сеюмро ишғол намуда, бо дипломҳои дараҷаи сеюми Олимпиада сарфароз гардонида шуданд.

Сипас, 44 нафар донишҷӯён барои фаъолона иштирок намуданашон дар Олимпиада бо Ифтихорномаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.

Дар охири Олимпиада ба 11 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ Ифтихорномаҳои Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АИ ҶТ ва Институти математикаи АИ ҶТ супорида шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.