Манфиатдории Того ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ бо Тоҷикистон

ASIA-Plus



Зимни мулоқоти рӯзи 14 марти вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо сафири Того дар Тоҷикистон Муҳаммад Саъд Оуро-Самар масоили роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати мазкур иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ба масъалаҳои таҳкими муносибатҳо миёни Тоҷикистону Того дар бахшҳои мавриди таваҷчуҳи тарафайн таваҷчуҳи хосса зоҳир намуданд.

«Ҳамчунин атрофи масоили ҳамкориҳо миёни кишварҳо дар доираи созмонҳои байнулмилалӣ табодули назари судманд сурат гирифт», – гуфтанд дар Вазорат.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи март дар сафорати Тоҷикистон дар Давлати Қувайт

маросими ба имзо расонидани

Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Того баргузор гардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Наврӯз – бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ҳамаи мардуми шарифи кишварро бо ҷашни Наврӯз табрик мегӯяд.

Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" хонандагону корбарони худро бо иди Фитр табрик мегӯяд.

Расонаҳо: Қамчибек Тошиев ба Қирғизистон баргашт ва ба бозпурсӣ даъват шуд

Ӯ чун шоҳид дар доираи ду парвандаи ҷиноӣ бозпурсӣ мешавад.

Абрнок ва баъзан борон меборад. Ҳавои рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон

Дар баъзе минтақаҳо ҳатто боридани барф дар назар аст

Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе – Хуҷанд баланд шудааст?

Дар моварои иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз, ки дар...

Думаи давлатӣ қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон ва соҳибони патентро сангинтар кард

Бо чанде аз шартҳо онҳо ба тарки кишвар ё гирифтани патент барои худ уҳдадор мешаванд.