Президенти Русия Владимир Путин ба хурӯҷи қисмате аз нерӯҳои асосии низомии Русия аз Сурия шурӯъ аз 15 март дастур дод.
«Чунин мешуморам, ки вазифаҳои гузошташуда назди Вазорати мудофиа дар маҷмӯъ ба иҷро расиданд. Аз ин рӯ, фармон медиҳам, ки аз 15 март хурӯҷи қисмати асосии гурӯҳи низомии мо аз Сурия оғоз карда шавад», – иброз доштааст В.Путин дар вохӯрӣ бо вазири корҳои хориии Русия Сергей Лавров ва вазири мудофиаи ин кишвар Сергей Шойгу.
«Ҳарбиёни мо, сарбозону афсарон соҳибтаҷрибагӣ, муназзамӣ ва қобилияти ташкили фаъолияти омодабошии ҷангӣ дур аз қаламрави худро, ки бо макони амалиёт марзҳои умумӣ надоранд, зоҳир намуданд», – овардааст гуфтаҳои Путинро хабаргузории
ТАСС
.
Сарвари давлати Русия изҳори умедворӣ намудааст, ки оғози хурӯҷи нерӯҳо як ҳавасмандсозии хубе хоҳад буд барои ҷараёни гуфтушуниди нерӯҳои сиёсии ин кишвар. «Умедворам, ки ин тасмим пайғоми хубе барои ҳамаи тарафҳои низоъ хоҳад буд ва ба таври назаррас ба сатҳи эътимод байни тамоми тарафҳои гуфтушунид меафзояд», – иброз доштааст В.Путин.
Гуфта мешавад, нуқтаҳои ҳузуру будубош дар пойгоҳҳои авиатсионии Тартус ва Хмеймим бо реҷаи пешина фаъолият хоҳанд кард.
Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков дар ин робита изҳор намудааст, ки масоили хурӯҷи қисмате аз нерӯҳоро Путин бо президенти Сурия Башор Асад баррасӣ ва мувофиқа карда, президенти Сурия барои кумак дар мубориза бо терроризм ва мусоидати гуманитарӣ ба мардуми кишвараш ба Русия миннатдорӣ изҳор кардааст.
Бино ба маълумоти вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу, дар Сурия артиши Русия беш аз 2 ҳазор нафар ҷангиё – зодагони Русияро нобуд кардааст. «Дар қаламрави Сурия зиёда аз 2 ҳазор ҷангиён – зодагони Русия, аз ҷумла 17 нафар фаромндеҳони саҳроӣ кушта шуданд», – маълумот додааст Шойгу.



