Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Рӯдакӣ

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ва бо мақсади иштирок дар ифтитоҳи якчанд иншооти таъиноти гуногун, инчунин мулоқот бо сокинон ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф овард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, сафари кории Президенти мамлакат дар ноҳияи Рӯдакӣ бо оғози корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои Маҷмааи фарҳангию фароғатӣ, варзишию солимгардонӣ бо нуқтаҳои савдо ва […]



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ва бо мақсади иштирок дар ифтитоҳи якчанд иншооти таъиноти гуногун, инчунин мулоқот бо сокинон ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, сафари кории Президенти мамлакат дар ноҳияи Рӯдакӣ

бо оғози корҳои сохтмонӣ

дар иншоотҳои Маҷмааи фарҳангию фароғатӣ, варзишию солимгардонӣ бо нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ шуруъ гардид.

Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани нома ба наслҳои оянда дар маҳалли бунёди ин маҷмааи бузурги хизматрасонӣ ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшид. Дар маҷмаа кӯдакистон барои 200 тарбиятгиранда, корхонаи дӯзандагӣ бо 300 ҷойи корӣ, толори варзишӣ барои машқи 200 нафар дар як баст ва маркази савдо бо 400 ҷойи корӣ пешбинӣ шудааст.

Маблағи умумии арзиши лоиҳа 30 миллион сомонӣ буда, дар рафти корҳои сохтмонӣ 200 нафар сохтмончӣ ҷалб мегардад. Баъди ба истифодадиҳии маҷмааи мазкур наздики 3 ҳазор нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешавад. Бунёди маҷмаа аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Заъфаралӣ Кабиров ба роҳ монда шуда, бояд давоми ду сол сохта шавад.

Сипас Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Сомониён бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба

сохтмони бинои истиқоматии бисёрошёна

оғози расмӣ бахшид. Бинои истиқоматии 9 – ошёна аз 85 хонаи як ва ду ҳуҷрагӣ иборат буда, сохтмонаш дар ҷойи манзили истиқоматии дуошёна, дар масоҳати 0,23 гектар ба нақша гирифта шудааст.

Он аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Убайдулло Гулов бунёд гардида, фармоишгар ва сохтмончӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сохтмони арзон» ва лоиҳакаш Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Архиком-К» мебошад.

Арзиши лоиҳавии ин иншоот 17 миллион сомониро ташкил медиҳад ва дар ошёнаи якуми он бунёди маркази савдо ва дигар иншооти хизматрасонии маишӣ пешбинӣ гардидааст. Дар рафти корҳои сохтмонӣ 25 нафар ва баъди бунёди бино 15 нафар аз сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор мешаванд.

Дар идома дар маркази шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон

як бинои истиқоматии 5-ошёнаро

ифтитоҳ намуда, баъди буридани лентаи рамзӣ дар ошёнаи аввал бо шароити зист дар хонаҳо шинос ва ба якчанд оилаи хуштолеъ калиди хонаҳои замонавиро тақдим намуд.

Бинои истиқоматии 5-ошёна дорои 40 хона, аз ҷумла 19 якҳуҷрагӣ ва 21 дуҳуҷрагӣ иборат мебошад. Он бо харҷи қариб 5 миллион сомонӣ аз тарафи соҳибкор Руқия Ҳамдамова сохта шудааст. Лоиҳакаш Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Тоҷмаҳал – 2010 буда, бо назардошти талаботи муосири коммуналӣ бо тамоми инфрасохтор бунёд шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.