Моҳи феврали соли равон сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 0,5%-ро ташкил дод, ки нисбат ба моҳи январ 0,9% камтар аст.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), аз аввали сол мизони таваррум дар ҷумҳурӣ 1,9%-ро ташкил додааст.
Аз ҷумла давоми ду моҳи соли ҷорӣ маҳсулоти ғизойӣ – 2,1%, маҳсулоти ғайриғизоӣ – 1,1% ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ – 3,2% қимат шуданд.
Сатҳи таварруми солона (барои 12 моҳи охир) дар моҳи феврали соли ҷорӣ 6,3 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,5 банди фоизӣ кам мебошад.
Омилҳои асосии пастравии таваррум, бахусус дар моҳи февралро дар БМТ ба муътадил гардидани вазъи бозори дохилии асъор ва устуворшавии қурби пули миллӣ нисбат ба асъорҳои хориҷӣ нисбат медиҳанд, ки ба коҳишёбии нархи молу маҳсулотҳои асосии воридшаванда, хусусан орд, шакар, равған, масолеҳи бинокорӣ, маҳсулоти нафтӣ (бензин ва гази моеъ) ва ғайра таъсир расонидааст.
Гуфта мешавад, дар баробари ин, афзоиши пешниҳоди маҳсулотҳои истеҳсоли ватанӣ ва аз ҳисоби захираҳои моддии давлатӣ ба фурӯш баровардани молу маҳсулотҳои аввалиндараҷа ба раванди пастравии сатҳи нархҳо низ мусоидат намуданд.
Зикр мегардад, ки дар ду моҳи соли равон арзоншавии гӯшти гов ва гӯсфанд, биринҷ, картошка, сабзӣ, шир, тухм, орди навъи якум, ангишт ва бензин ба қайд гирифта шуд.
«Бояд тазаккур дод, ки раванди муътадили сатҳи таваррум яке аз омили асосии таъминкунандаи суботи молиявӣ ва устуворкунандаи вазъи иқтисодию иҷтимоӣ ба шумор меравад», – омадааст дар маълумоти БМТ.
Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии кишвар дар соли 2016-ро дар мизони 7,5% нигоҳ дорад. Аз рӯи натиҷаҳои соли 2015 сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 5,1%-ро ташкил дода буд.
Мебояд гуфт, сатҳи таварруми соли 2013 дар ҷумҳурӣ сабтшуда – 3,7% аз ҳама пасттарин дар замони истиқлолияти кишвар мебошад. То ин замон сатҳи нисбатан пасти таваррум соли 2012 ба қайд гирифта шудааст, ки 6,4%-ро ташкил дода буд.



