Кормандони шуъбаи милитсияи ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон як сокини ноҳияи Ҳамадонии ҳаммарз бо Афғонистонро ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир карданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар вақти кофтукови шахсӣ аз номбурда 1-адад пакети селофании дорои ҳудуди 10 кило маводи мухаддири навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шудааст.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.



