Хатлон: Ғорати як зан бо таҳдиди корду чӯб

Ба Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Вахш зани 58-солаи сокини ҳамин ноҳия муроҷиат намудааст, ки ӯ мавриди ҳамла ва ғорат қарор гирифтааст. Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса менавиисад, шаби 16 март 4 нафар шахсони номаълуми ниқобпӯш ғайриқонунӣ вориди ҳуҷраи хоби ин зан шуда, бо истифода аз корд ва чӯби бо худ овардаашон ба […]



Ба Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Вахш зани 58-солаи сокини ҳамин ноҳия муроҷиат намудааст, ки ӯ мавриди ҳамла ва ғорат қарор гирифтааст.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса менавиисад, шаби 16 март 4 нафар шахсони номаълуми ниқобпӯш ғайриқонунӣ вориди ҳуҷраи хоби ин зан шуда, бо истифода аз корд ва чӯби бо худ овардаашон ба тарафи ӯ ва духтараш,  зани 32-сола, ҳуҷум мекунанд ва бо тариқи зӯроварӣ аз дохили сумкаи занона 65 ҳазор сомониро тасаруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду нафар мардони 25-сола, яке сокини ноҳия Вахш, дуюмӣ сокини ноҳияи Ҷиликул ва марди 23-солаи сокини шаҳри Қурғонтеппа, бо гумони содир намудани ҷинояти роҳзанӣ дастгир карда шуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки далелҳои шайъӣ қисман мусодира ва аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.