Душанбе ва Исломобод масоили таъмини амнияти минтақаро баррасӣ карданд

ASIA-Plus



Дар доираи сафари расмӣ ба Исломобод раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров

бо ёвари нахуствазири Покистон оид ба сиёсати хориҷӣ

Ториқ Фотимӣ дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, дар ҷараёни вохӯрӣ Шукурҷон Зуҳуров изҳор намуд, ки густариши муносибатҳои шарикӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанба, аз ҷумла таҳкими робитаҳои сиёсию иқтисодӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти минтақа аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешаванд.

«Бо мақсади густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ҷониби Покистон аз дархости кишвари мо барои пайвастан ба Созишномаи чаҳорҷониба оид ба ҳамлу нақли транзитӣ байни Чин, Қазоқистон, Қирғизистон ва Покистон ҷонибдорӣ намуд. Умед дорем, ки дар ин самт иқдомҳои мушаххас гирифта мешаванд», – иброз дошт Ш.Зуҳуров.

Барои мусоидат ба рушди тиҷорат ва ҳамлу нақл байни ду кишвар ва минтақа ҳар ду ҷониб ҳамкории худро бо Афғонистон ҷиҳати ҳарчи зудтар мувофиқа ва ба имзо расонидани Созишномаи сеҷонибаи тиҷорати транзитӣ тасдиқ намуданд. Ин Созишнома, пеш аз ҳама, барои эҳёи иҷтимоию иқтисодии Афғонистон муҳим аст ва нақши транзитӣ ва ҷойгоҳи ин кишварро дар арсаи минтақа низ боло мебарад.

Дар навбати худ ёвари нахуствазири Покистон қайд кард, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Покистон дар бахши амнияти минтақавӣ низ дар баробари тақвияти дигар соҳаҳо дар ҳолати рӯ ба рушд буда, таъмини амният дар минтақа ба манфиати кишварҳои он, бахусус Тоҷикистону Покистон мебошад.

«Ҳукумати Покистон ҳамеша талош менамояд, ки қитъаи Осиё ба минтақаи амну субот мубаддал гардад, зеро оромии он таъминкунандаи зиндагии осоишта барои мардумони ҳамаи кишварҳо мебошад», – гуфт Ториқ  Фотимӣ.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дар доираи масъалаҳои марбут ба амнияти минтақа ва ҷаҳон, вазъи Афғонистони ҳамсоя, мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир изҳори назар карда шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".