Афзоиши шумори кишварҳои кумакрасон ба Тоҷикистон

Давоми моҳҳои январ-феврали соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи умумии ҳудуди 9,4 млн. доллари ИМА кумаки башардӯстона ворид гардид. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, ин кумак бо вазни умумии беш аз 3,9 ҳазор тонна аз 29 кишвари дунё ба Тоҷикистон оварда шудааст. Гуфта мешавад, дар байни кишварҳои мададрасон вазни нисбатан хос аз […]

ASIA-Plus



Давоми моҳҳои январ-феврали соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи умумии ҳудуди 9,4 млн. доллари ИМА кумаки башардӯстона ворид гардид.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, ин кумак бо вазни умумии беш аз 3,9 ҳазор тонна аз 29 кишвари дунё ба Тоҷикистон оварда шудааст.

Гуфта мешавад, дар байни кишварҳои мададрасон вазни нисбатан хос аз рӯи арзиш ба Чин (36,9%), Русия (22,7%), Ҳиндустон (9,9%), Покистон (4,6%), Дания (4,5%), Озарбойҷон (4%), Франси (3,4%), Таиланд (2,8%), Туркия (2,6%), ИМА (2,3%), Нидерланд (2%) ва Ҷумҳурии Корея (1,1%) рост меояд.

Моҳҳои январ-феврали соли гузашта ба Тоҷикистон аз ҷониби 22 кишвари дунё ба маблағи умумии ҳудуди 6,2 млн. доллари ИМА кумаки башардӯстона ворид гардида буд.

Аз рӯи натиҷаҳои соли 2015 ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ ба маблағи ҳудуди 45 млн. доллари ИМА кумаки башардӯстона фиристода шуда буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.