Имзои як бастаи созишномаҳо миёни Тоҷикистону АМА

Дар доираи сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амороти Муттаҳидаи Араб миёни Тоҷикистон ва ин кишвар як қатор созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, миёни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб санадҳои зерини нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд: Изҳороти муштарак оид ба густариши ҳамкории шарикӣ байни Ҷумҳурии Тоҷкистон ва […]

ASIA-Plus



Дар доираи сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амороти Муттаҳидаи Араб миёни Тоҷикистон ва ин кишвар як қатор созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, миёни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб санадҳои зерини нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд:

Изҳороти муштарак оид ба густариши ҳамкории шарикӣ байни Ҷумҳурии Тоҷкистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб;

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва  мубориза бо терроризм;

Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба интиқоли маҳкумшудагон;

Ёддошти тафоҳум оид ба машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Амороти Муттаҳидаи Араб;

Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои миллии сайёҳӣ ва осори қадимаи Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;

Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва тадқиқоти илмӣ.

Пас аз анҷоми музокирот ва имзои созишномаҳои нави ҳамкорӣ изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ноиби Президенти давлати Амороти Муттаҳидаи Араб, Сарвазири Аморот, Ҳокими шаҳри Дубай, Вазири мудофиа Волоҳазрат Шайх Муҳаммад бин Рашид Оли Мактум оид ба густариши ҳамкории шарикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб қабул гардид.

Ҳамчунин дар шаҳри Абу Забии Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҳузури Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ва Вазири энергетикаи Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб Суҳейл Муҳаммад Ал Мазруӣ ду созишнома:

 Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи сарпарастии ҷавонони Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш;

Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи умури исломӣ ва авқофи Амороти Муттаҳидаи Араб ба имзо расид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?