Узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ(КМИР)-и Тоҷикистон Моҳистон Азизова ва сармутахассиси КМИР Абдураҳим Улфатов ҷиҳати мониторинги интихоботи пешазмуҳлат ба парлумони Қазоқистон, ки ба санаи 20 март таъин шудааст, имрӯз ба шаҳри Остона сафар карданд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз КМИР Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дод, онҳо бо даъвати раиси Комиссияи интихоботии Қазоқистон Куандик Турганқулов озими Остона шуда, дар ҳайати гурӯҳи байнулмилалии нозирон дар мониторинги интихоботи ғайринавбатӣ ба парлумони Қазоқистон иштирок мекунанд», – гуфт манбаъ.
Қобили зикр аст, ки шоми рӯзи 20 январи соли равон зимни паёми телевизионӣ ба мардум президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз мардуми кишвараш даъват кард, ки «тасмими қабулшуда бо тақозои замон»-ро дастгирӣ карда, «бо мақсади муттаҳидӣ ва ваҳдат ба хотири ояндаи кишвар» дар маъракаи интихоботи парлумонӣ фаъолона иштирок кунанд.



