Афзоиши ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон

Соли равон Тоҷикистон ҳаҷми муомилоти мол бо Ӯзбекистонро ба таври қобили мулоҳиза афзуд ва ин ҳам дар ҳолест, ки ҳаҷми муомилоти моли ҷумҳурӣ қариб бо тамоми дигар кишварҳои хориҷӣ рӯ ба коҳиш аст. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Агентии омори назди президенти Ҷт иттилоъ доданд, дар зарфи 2 моҳи аввали соли равон ҳаҷми муомилоти мол миёни […]



Соли равон Тоҷикистон ҳаҷми муомилоти мол бо Ӯзбекистонро ба таври қобили мулоҳиза афзуд ва ин ҳам дар ҳолест, ки ҳаҷми муомилоти моли ҷумҳурӣ қариб бо тамоми дигар кишварҳои хориҷӣ рӯ ба коҳиш аст.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Агентии омори назди президенти Ҷт иттилоъ доданд, дар зарфи 2 моҳи аввали соли равон ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳудуди 3,7 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,2 баробар зиёдтар мебошад.

Дар ҳамин ҳол, давоми моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ муомилоти моли Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар маҷмӯъ коҳиш ёфтааст. Аз ҷумла ҳаҷми муомилоти моли дуҷониба бо Украина ба андозаи – 54%, Беларус – қариб 50%, Қирғизистон – 40%, Русия ва Туркманистон – тақрибан 14%-ӣ ва Қазоқистон – ба миқдори 8% поин рафтааст.

Қобили зикр аст, ки поинравии ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон соли 2009, баъди аз низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ хориҷ шудани Ӯзбекистон оғоз гардид.

Аз рӯи натиҷаҳои соли 2015 ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон каме бештар аз 12 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода буд, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2014 ба андозаи 6% камтар аст.

Ҳамчунин лозим ба зикр аст, ки аввали солҳои 2000-ум ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 500 млн. доллари ИМА-ро ташкил медод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.