Кумитаи қонунгузории конститутсионии Шӯрои Федератсияи Русия ояндаи наздик оид ба марги тифли 5-моҳаи тоҷик дар Петербург моҳи октябри соли гузашта Умаралӣ Назаров хулосаи муфассал омода мекунад.
Бино ба маълумоти
РИА Новости
, муовини раиси Кумитаи мазкур Елена Мизулина изҳор доштааст, ки минбаъд барои такрор нашудани чунин ҳодисаҳо ворид намудани тағйирот ба Кодекси оила зарур аст.
Ёдрас мекунем, ки кӯдаки 5-моҳаи муҳоҷирон аз Тоҷикистон Заррина Юнусова ва Рустам Назаров – Умаралӣ Назарови 5-моҳа ҳангоми рейди кормандони Хадамоти федералии муҳоҷират дар шаҳри Санкт-Петербург субҳи рӯзи 13 октябр аз модараш гирифта шуда, баъди чанд соат аз ҷониби кормандони пулис ба бемористони кӯдаконаи ба номи Симбалин фиристода шуд ва нимашаби ҳамон рӯз дар ин бемористон фавтид. Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуд.
Тибқи
хулосаи коршиносони судиву тиббӣ
, ки рӯйи ҷасади кӯдаки 5-моҳа қариб се ҳафта таҳқиқ гузарониданд, Умаралӣ Назаров аз бемории инфексияи ситомегаловирусӣ фавтидааст.
Ҷараёни тафтиши марги Умаралии панҷмоҳа аз Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия
таҳти назорати Шӯрои Федератсияи ин кишвар
қарор гирифт.
Бо дастури раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко Кумитаи қонунгузории конститутсионӣ тафтиши ин ҳодисаро зери назорат гирифта, Мизулина ба Кумитаи тафтишот ва Прокуратураи генералии Русия дархостҳо фиристод.
«Аз ҷониби Кумита боз якчанд дархостҳо фиристода шуданд. Пас аз дастрас шудани посухҳо, Кумита аз рӯи тамоми маълумоти гирдоваришуда ояндаи наздик хулосаи муфассал таҳия мекунад», – гуфтааст ба хурналистон Мизулина.



