Шӯрои Федератсия оид ба қазияи марги Умаралии 5-моҳа хулоса омода мекунад

Кумитаи қонунгузории конститутсионии Шӯрои Федератсияи Русия ояндаи наздик оид ба марги тифли 5-моҳаи тоҷик дар Петербург моҳи октябри соли гузашта Умаралӣ Назаров хулосаи муфассал омода мекунад. Бино ба маълумоти РИА Новости , муовини раиси Кумитаи мазкур Елена Мизулина изҳор доштааст, ки минбаъд барои такрор нашудани чунин ҳодисаҳо ворид намудани тағйирот ба Кодекси оила зарур аст. […]

ASIA-Plus



Кумитаи қонунгузории конститутсионии Шӯрои Федератсияи Русия ояндаи наздик оид ба марги тифли 5-моҳаи тоҷик дар Петербург моҳи октябри соли гузашта Умаралӣ Назаров хулосаи муфассал омода мекунад.

Бино ба маълумоти

РИА Новости

, муовини раиси Кумитаи мазкур Елена Мизулина изҳор доштааст, ки минбаъд барои такрор нашудани чунин ҳодисаҳо ворид намудани тағйирот ба Кодекси оила зарур аст.

Ёдрас мекунем, ки кӯдаки 5-моҳаи муҳоҷирон аз Тоҷикистон Заррина Юнусова ва Рустам Назаров – Умаралӣ Назарови 5-моҳа ҳангоми рейди кормандони Хадамоти федералии муҳоҷират дар шаҳри Санкт-Петербург субҳи рӯзи 13 октябр аз модараш гирифта шуда, баъди чанд соат аз ҷониби кормандони пулис ба бемористони кӯдаконаи ба номи Симбалин фиристода шуд ва нимашаби ҳамон рӯз дар ин бемористон фавтид. Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Тибқи 

хулосаи коршиносони судиву тиббӣ

, ки рӯйи ҷасади кӯдаки 5-моҳа қариб се ҳафта таҳқиқ гузарониданд, Умаралӣ Назаров аз бемории инфексияи ситомегаловирусӣ фавтидааст.

Ҷараёни тафтиши марги Умаралии панҷмоҳа аз Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия 

таҳти назорати Шӯрои Федератсияи ин кишвар

 қарор гирифт.

Бо дастури раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко Кумитаи қонунгузории конститутсионӣ тафтиши ин ҳодисаро зери назорат гирифта, Мизулина ба Кумитаи тафтишот ва Прокуратураи генералии Русия дархостҳо фиристод.

«Аз ҷониби Кумита боз якчанд дархостҳо фиристода шуданд. Пас аз дастрас шудани посухҳо, Кумита аз рӯи тамоми маълумоти гирдоваришуда ояндаи наздик хулосаи муфассал таҳия мекунад», – гуфтааст ба хурналистон Мизулина.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.