Як омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби рақами 10 дар ҷамоати Боғистони ноҳияи Шаҳринав бо иттиҳоми “ҳаракатҳои бадахлоқона” нисбати се хонандаи ин мактаб боздошт шудааст. Як манбаъ аз шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шаҳринав, боздошти омӯзгори 55-сола В.К. бо чунин иттиҳомро ба
Радиои Озодӣ
тасдиқ кардааст.
Мусоҳиб гуфтааст, ҳанӯз тафтиши пурраи қазия ба анҷом нарасидааст ва ҳоло ин омӯзгор дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешавад. Ин ҳамсӯҳбат аз ифшои ҷузъиёти бештар то замони анҷоми тафтишот худдорӣ кардааст.
Ҳоло алайҳи ин омӯзгор, ки ному насабаш низ то замони анҷоми тафтишот ошкор намешавад, бар асоси моддаи 142-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шуда, ба додситонии ноҳия ирсол шудааст. Ин модда дар бораи ҳаракатҳои бадахлоқона” бо нафарест, ки ҳанӯз синнаш ба балоғат нарасидааст.
Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои ҳаракатҳои бадахлоқона нисбат ба шахси баръало ноболиғ ё хеши наздик аз ҷониби падару модар, омўзгор ё дигар шахси вазифаи тарбиявӣ ба зиммаашон гузошташуда ҳамчун ҷазо аз 2 то 5 соли зиндон бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ё бидуни онро пешбинӣ мекунад. Вале дар сурати ба “бачабозӣ” гунаҳкор шуданаш ин мардро метавонанд бар асоси моддаи 140 то 20 соли зиндон маҳкум кунанд.
Мақомот ба далоили ахлоқӣ аз ифшои шахсияти хонандаҳое, ки мавриди бадрафтории ин омӯзгор қарор гирифтаанд, худдорӣ мекунанд.
Абдумаҷид Ёров, мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Шаҳринав дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ин омӯзгор ҳанӯз дар аввалҳои моҳи марти соли ҷорӣ ба дунболи шикояти волидон дастгир ва аз ҳамон вақт дар боздоштгоҳ нигаҳдорӣ мешавад. “Ин ҳақиқат дорад ё туҳмат аст, чизе гуфта наметавонам. Чунин рафтор ҳам аз нигоҳи ислом ва ҳам қонунгузорӣ амали зишт ва ҷиноят аст. Нафароне ки дар солҳои қабл аз ин омӯзгор таълим гирифтаанд, чунин амали нангинро нисбати ӯ бовар надоранд,”-гуфтааст Ёров.
Ӯ таъкид доштааст, ки В.К. ҳанӯз дар содир кардани ҷиноят “гумонбар” дониста мешавад ва гунаҳкор будан ё набудани ӯро танҳо тафтишот ва додгоҳ бояд собит намоянд.
В.К., омӯзгори 55-сола тайи даҳ соли охир дар мактаби миёнаи рақами 10-и ҷамоати Боғистони ноҳияи Шаҳринав барои шогирдони синфҳои 1-4, яъне кӯдакони аз 6 то 11-сола таълим медодааст. Ӯ тайи як соли охир нисбат ба чанд тан духтари хурдсол, ки дар синфи ибтидоӣ мехонданд, амалҳои бадахлоқонаро раво дидааст. Сокинони ин ҷамоат гуфтаанд, В.К. оиладор ва соҳиби фарзанд ҳам будааст.
Ҷамоати Боғистони Шаҳринав яке аз ҷамоатҳои калонтарини ноҳия ба ҳисоб рафта, зиёда 9 ҳазор нафар аҳолӣ дорад. Ин воқеа сокинони ин ҷамоатро сахт ба ташвиш овардааст.
Абдуҳаким, як сокини ин ҷамоат гуфтааст, “ҳоло ду хоҳар ва як духтархолаам дар ин мактаб таҳсил мекунанд. Ин ҳодиса метавонад, номи садҳҳо хонандаи ин мактабро доғдор кунад.”
Радиои Озодӣ хотиррасон мекунад, ки ҳодисаи дастдарозии омӯзгорон ба номуси хонандаҳои мактаб, ки ҳанӯз ба балоғат нарасидаанд, бори аввал нест. Як моҳ пеш мақомоти интизомии вилояти Хатлон аз боздошти А.А., як омӯзгори 61-сола хабар доданд, ки барои дастдарозӣ ба номуси се хонандаи мактаби ятимон ва афроди камбизоат дар ноҳияи Шаҳритӯс муттаҳам мешавад. Ба гуфтаи мақомот, ин се толибилм қурбони дастдарозиҳои омӯзгор шудаанд.
Аз ин пеш ҳам чандин бор чунин ҳодисаҳо расонаӣ шудаанд. Додситонии кулли Тоҷикистон дар соли 2013 аз афзоиши мавридҳои озори ҷинсии кӯдакон дар кишвар изҳори нигаронӣ карда буд.
