Шаби эҷодии шеър дар Академияи илмҳо

Дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки адибону олимон, шоирону нависандагон, кормандони илмӣ, аспирантҳо ва магистрҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ шаби эҷодии шеър баргузор гардид. Бино ба иттилои Шервони Умриддин, котиби матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниро президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳамаи […]



Дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки адибону олимон, шоирону нависандагон, кормандони илмӣ, аспирантҳо ва магистрҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ шаби эҷодии шеър баргузор гардид.

Бино ба иттилои Шервони Умриддин, котиби матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниро президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳамаи ҳозиринро ба иди Наврӯзи оламафрӯзи байналмилалӣ табрику шодбош намуд.

Дар шабнишинӣ шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким, нависанда Алӣ Деҳбошӣ (Эрон), доктори илмҳои филология, профессор Замир Саъдуллозода (Хитой), адибону олимон ва шоирону нависандагон аз кишварҳои хориҷӣ, раиси ҶДММ “Оила” Шарифи Ҳамдампур ва дигарон ширкат доштанд.

Шоири шинохта Аскар Ҳаким риштаи суханро ба даст гирифта, Алӣ Деҳбоширо барои ташриф овардан ба Тоҷикистон хуш омадед гуфта, ҳозиринро бо хотираҳои худ аз фаъолияти Алӣ Деҳбошӣ ошно намуд.

 Алӣ Деҳбошӣ аз фаъолияти маҷаллаи “Бухоро”, ки тули солҳо нашр мегардад гузориш дода, иброз намуд, ки ин маҷалла мақола ва осори фарҳангиро чоп мекунад ва хизматҳои намоёне дар равобити фарҳангӣ гузоштааст.

Шарифи Ҳамдампур дар ин маҳфил изҳор намуд, ки маҷаллаи “Бухоро” рамзан ин номро гирифта, мақолаҳои донишмандонро аз тамоми гӯшаву канори олам нашр мекунад. Ӯ гуфт, ки маҷаллаи мазкур аз бахшҳои зиёд иборат буда, як бахши вижаи он ба Тоҷикистон бахшида шудааст, ки мақола ва осори ҳунарии донишмандони тоҷик дар ин бахш нашр мешавад.

Дар шабнишинӣ филм дар бораи фаъолияти нависанда Алӣ Деҳбошӣ нишон дода шуд.

Бояд гуфт, ки Алӣ Деҳбошӣ, раҳбари маҷаллаи “Бухоро” ба ҳайси меҳмони расмӣ барои баргузории шаби эҷодии шоирони ҳавзаи Наврӯз ва маросими ҷашни Наврӯз ба Тоҷикистон даъват шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.