Драганов: Барои пешгирии терроризм ҳамоҳангсозии амалҳои кишварҳои ОМ зарур аст

ASIA-Plus

Роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда дар Осиёи Марказӣ (ОМ) Петко Драганов бар ин назар аст, ки имрӯз барои ҳукуматдорони минтақа пешгирии терроризм аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим маҳсуб меёбад. «Онҳо назди минтақаи амали гурӯҳҳои гуногуни террористӣ қарор дошта, албатта, ин ҷо ҳама хатари паҳншавии ифротгароии зӯроварона ва терроризмро эҳсос мекунанд. Аз ин рӯ, […]



Роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда дар Осиёи Марказӣ (ОМ) Петко Драганов бар ин назар аст, ки имрӯз барои ҳукуматдорони минтақа пешгирии терроризм аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим маҳсуб меёбад.

«Онҳо назди минтақаи амали гурӯҳҳои гуногуни террористӣ қарор дошта, албатта, ин ҷо ҳама хатари паҳншавии ифротгароии зӯроварона ва терроризмро эҳсос мекунанд. Аз ин рӯ, дар ин самт кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳанд. Бидуни ҳамкорӣ бо дигар кишварҳо ҳеҷ як давлате ба иҷрои ин вазифа муваффақ намешавад. Мо ин вазъро натанҳо дар Осиё, балки дар Аврупо ва ҳама ҷои дигар низ мушоҳида мекунем», – иброз доштааст Драганов дар

мусоҳиба

ба Радиои СММ.

Номбурда ҳамчунин дар ин робита изҳор намудааст, ки имрӯз бисёре аз зодагони минтақаи Осиёи Марказӣ дар сафҳои гурӯҳҳои гуногуни террористӣ дар Шарқи Наздик амал мекунанд.

Ба қавли Драганов, Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда дар Осиёи Марказӣ платформаи худро пешниҳод намуда, баҳри густариш ва беҳбуди чунин ҳамкорӣ миёни кишварҳо талош меварзад. «Ба фикри ман, миёни кишварҳо бештар сурат гирифтани табодули маълумот ва ҳамоҳангсозии беҳтари амалҳои худ зарур буда, мо дар ин самт тадбирҳо меандешем», – гуфтааст ӯ.

Драганов таъкид доштааст, ки дар самти мубориза бо терроризм Марказ ҳамаҷониба бо кишварҳои минтақа ҳамкорӣ дорад. «Албатта, ба чунин ҳамкориҳо минбаъд низ густариш бахшидан лозим аст. Бахусус табодули маълумот ва ҳамкориҳо байни сохторҳои ҳукумат ва ғайриҳукуматиро беҳтар кардан зарур мебошад», – гуфтааст ӯ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.