Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон собиқ вазири кишоварзии ҷумҳуриро муовини нахуствазири кишвар таъин кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, имрӯз бо фармони президент Зокирзода Маҳмадтоир аз мансаби вазири кишоварзии ҶТ озод ва ба вазифаи муовини нахуствазири ҷумҳурӣ таъин шуд.
Бо фармонҳои дигари сарвари давлат Сатторӣ Иззатулло аз вазифаи президенти Академияи илмҳои кишоварзии ҶТ озод ва вазири кишоварзии ҷумҳурӣ, Ятимзода Акбар Табар аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ озод карда шуд. Раиси шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Аҳмадзода Раҷаббой аз вазифааш озод ва ба вазифаи Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд ва Шарифзода Шариф Файз аз вазифаи раиси шаҳри Роғун озода гардида, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд таъин гардид.
Бо Қарорҳои ҳукумати ҶТ – Сиддиқ Саидалӣ Раҷабалӣ аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумат озод ва ба вазифаи Директори АМИТ “Ховар” таъин карда шуд.
Инчунин бо амрҳои президент Исмоилзода Ёқуб Борон аз вазифаи директори Корхонаи воҳиди давлатии Комплекси табъу нашри «Шарқи озод»-и Дастгоҳи иҷроияи президент озод ва ба вазифаи сардори Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳаллии Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ таъин гардид ва Файзуллозода Қурбоналӣ – директори КВД Комплекси табъу нашри «Шарқи озод» таъин карда шуд.
