Тағйироти кадрӣ. Таъини муовини нави нахуствазир

Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон собиқ вазири кишоварзии ҷумҳуриро муовини нахуствазири кишвар таъин кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, имрӯз бо фармони президент Зокирзода Маҳмадтоир аз мансаби вазири кишоварзии ҶТ озод ва ба вазифаи муовини нахуствазири ҷумҳурӣ таъин шуд. Бо фармонҳои дигари сарвари давлат Сатторӣ Иззатулло аз вазифаи президенти Академияи илмҳои кишоварзии ҶТ […]



Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон собиқ вазири кишоварзии ҷумҳуриро муовини нахуствазири кишвар таъин кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, имрӯз бо фармони президент Зокирзода Маҳмадтоир аз мансаби вазири кишоварзии ҶТ озод ва ба вазифаи муовини нахуствазири ҷумҳурӣ таъин шуд.

Бо фармонҳои дигари сарвари давлат Сатторӣ Иззатулло аз вазифаи президенти Академияи илмҳои кишоварзии ҶТ озод ва вазири кишоварзии ҷумҳурӣ, Ятимзода Акбар Табар аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ озод карда шуд. Раиси шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Аҳмадзода Раҷаббой аз вазифааш озод ва ба вазифаи Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд ва Шарифзода Шариф Файз аз вазифаи раиси шаҳри Роғун озода гардида, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд таъин гардид.

Бо Қарорҳои ҳукумати ҶТ – Сиддиқ Саидалӣ Раҷабалӣ аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумат озод ва ба вазифаи Директори АМИТ “Ховар” таъин карда шуд.

Инчунин бо амрҳои президент Исмоилзода Ёқуб Борон аз вазифаи директори Корхонаи воҳиди давлатии Комплекси табъу нашри «Шарқи озод»-и Дастгоҳи иҷроияи президент озод ва ба вазифаи сардори Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳаллии Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ таъин гардид ва Файзуллозода Қурбоналӣ – директори КВД Комплекси табъу нашри «Шарқи озод» таъин карда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.