– Пешхизмат, ошпаз ва ду бинокор аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз гузаштаи эҷодии худ ёдоварӣ карданд, –
менависад
нашрияи Известия.
Гуфта мешавад, чор нафар муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон дар шаҳри Маскав таҳти унвони «Голоса Памира». «Две сестры» (Садои Помир. Ду хоҳарон) албоми мусиқӣ сабт кардаанд.
Нашрия менависад, онҳо мусиқачиву актёр буда, айни замон дар майдонҳои сохтмону тарабхонаҳои Маскав машғули коранд ва бо ин иқдом дар ватанашон шинохтаву шуҳрат пайдо кардаанд, вале ба ҳунари эҷодӣ машғул шудан алҳол барояшон ғайриимкон аст, зеро маблағ кор кардан лозим аст.
Зимнан зикр мегардад, ки суруду таронаҳои мардумии тоҷикӣ дар ин албом аз ҷониби Аҷам Чақабоев, Абдумамад Бекмамадов ва хоҳарон Покиза ва Латофат Қурбонасейноваҳо ба иҷро расидааст.
Ҳамчунин қайд мешавад, ки дар ватан онҳо дар театрҳо нақш офарида, дар ансамбли суруду таронаҳои мардумӣ ҳунарнамоӣ мекардаанд.
