Албоми мусиқии муҳоҷирони тоҷик дар Маскав

– Пешхизмат, ошпаз ва ду бинокор аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз гузаштаи эҷодии худ ёдоварӣ карданд, – менависад нашрияи Известия. Гуфта мешавад, чор нафар муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон дар шаҳри Маскав таҳти унвони «Голоса Памира». «Две сестры» (Садои Помир. Ду хоҳарон) албоми мусиқӣ сабт кардаанд. Нашрия менависад, онҳо мусиқачиву актёр буда, айни замон дар […]

ASIA-Plus



– Пешхизмат, ошпаз ва ду бинокор аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз гузаштаи эҷодии худ ёдоварӣ карданд, –

менависад

нашрияи Известия.

Гуфта мешавад, чор нафар муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон дар шаҳри Маскав таҳти унвони «Голоса Памира». «Две сестры» (Садои Помир. Ду хоҳарон) албоми мусиқӣ сабт кардаанд.

Нашрия менависад, онҳо мусиқачиву актёр буда, айни замон дар майдонҳои сохтмону тарабхонаҳои Маскав машғули коранд ва бо ин иқдом дар ватанашон шинохтаву шуҳрат пайдо кардаанд, вале ба ҳунари эҷодӣ машғул шудан алҳол барояшон ғайриимкон аст, зеро маблағ кор кардан лозим аст.

Зимнан зикр мегардад, ки суруду таронаҳои мардумии тоҷикӣ дар ин албом аз ҷониби Аҷам Чақабоев, Абдумамад Бекмамадов ва хоҳарон Покиза ва Латофат Қурбонасейноваҳо ба иҷро расидааст.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки дар ватан онҳо дар театрҳо нақш офарида, дар ансамбли суруду таронаҳои мардумӣ ҳунарнамоӣ мекардаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.