Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо имрӯз дар Донишкадаи ҳарбӣ бо иштироки комиссарони ҳарбии шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳои ҷумҳурӣ машварати корӣ баргузор намуда, дар он масоили марбут ба ташкили маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, ки пагоҳ, 1 апрел оғоз мегардад, баррасӣ шуданд.
Котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҶТ полковник Фаридун Маҳмадализода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки вазир назди ҳозирини машварат оид ба ташкили маъракаи даъват дар доираи қонунгузории кишвар ва хотима бахшидан ба даъвати маҷбурӣ (облава) вазифаҳои мушаххас гузоштааст.
«Вазири мудофиа ба комиссарони ҳарбии шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо дастур дод, ки қабули шаҳрвандон оид ба масоили даъватро дар комиссариатҳои маҳаллӣ ба роҳ монанд, то ки аз муроҷиати волидон ба сохторҳои ҷумҳуриявӣ доир ба масъалаи ҳаллу фаслаш имконпазир дар сатҳи маҳаллӣ пешгирӣ крада шавад», – гуфт манбаъ.
Ба гуфтаи манбаъ, Шералӣ Мирзо қайд кардааст, ки шумори шаҳрвандони синнусоли мувофиқи даъват ба хизмати ҳарбӣ аз талаботи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бамаротиб зиёд аст ва ин омил имкон медиҳад, ки танҳо шаҳрвандони босаводу бомаърифат ва солим ба хизмат даъват карда шаванд.
