Штайнмайер Осиёи Миёнаро барои Олмон муҳим медонад

Вазири корҳои хориҷии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер чанде қабл ба сафараш ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ оғоз карда, нахуст ба Ӯзбекистон ташриф овард ва зимни мулоқот бо вазири корҳои хориҷии кишвари ҳамоя Абдулазиз Комилов ва президенти ин кишвар Ислом Каримов мушкилоти минтақавӣ ва байнулмилалиро баррасӣ карда, ҷонибҳо атрофи мушкилоти минтақа ва ҷаҳон табодули назар намуданд. Бино […]



Вазири корҳои хориҷии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер чанде қабл ба сафараш ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ оғоз карда, нахуст ба Ӯзбекистон ташриф овард ва зимни мулоқот бо вазири корҳои хориҷии кишвари ҳамоя Абдулазиз Комилов ва президенти ин кишвар Ислом Каримов мушкилоти минтақавӣ ва байнулмилалиро баррасӣ карда, ҷонибҳо атрофи мушкилоти минтақа ва ҷаҳон табодули назар намуданд.

Бино ба

маълумоти

агентии UzReport, Ислом Каримов қайд кардааст, ки «боздид аз шаҳри Самарқанд дар доираи ин сафар ба Франк-Валтер Штайнмайер имкон медиҳад, ки бо таъриху фарҳанги ин мардуми кӯханбунёд аз наздик ошно гардад».

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории REGNUM

менависад

, дар робита ба муҳим будани минтақаи Осиёи Миёна барои Олмон Штайнмайер изҳор доштааст, ки «Осиёи Миёна минтақаи стратегӣ буда, бо аксар вақт дар сояи таваҷҷуҳи байнулмилалӣ қарор доштан, дар ин ҷо манфиатҳои кишварҳои абарқудратӣ минтақавӣ – Русия, Чин ва Эрон паҳлӯи ҳам меоянд».

Ба гуфтаи вазир олмонӣ, минтақа дорои «имконоти бузурги иқтисодӣ ва ҳамзамон хатарҳои назаррас барои субот мебошад, ки берун аз таваҷҷуҳи мо буда наметавонанд».

«Ҳамзамон барои таҳкими робитаҳои ҷамъиятӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии мо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ имконоти зиёд вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, барои Олмон муҳим аст, ки дар ин минтақа фаъол бошад», – иброз доштааст Штайнмайер.

Қобили зикр аст, ки имрӯз 31 март вазири корҳои хориҷии Олмон ба Қирғизистон ташриф оварда, пагоҳ, 1 апрел сафари расмии ӯ ба Тоҷикистон дар назар аст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.