Боздиди сафирони Қазоқистону Туркманистон аз ВКХ

ASIA-Plus

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов рӯзи 31 март сафири Қазоқистон Агибай Смагуловро бинобар анҷом ёфтани маъмурияти дипломатияш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни сӯҳбат раванди рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон баланд арзёбӣ гардид ва изҳори умед карда шуд, ки ҳамкориҳои стратегии Тоҷикистону Қазоқистон дар арсаҳои мухталиф густариши […]



Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов рӯзи 31 март сафири Қазоқистон Агибай Смагуловро бинобар анҷом ёфтани маъмурияти дипломатияш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни сӯҳбат раванди рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон баланд арзёбӣ гардид ва изҳори умед карда шуд, ки ҳамкориҳои стратегии Тоҷикистону Қазоқистон дар арсаҳои мухталиф густариши бештар хоҳанд ёфт.

Вазири корҳои хориҷӣ ба сафир А.Смагулов барои фаъолияти пурсамари дипломатияш дар Тоҷикистон изҳори сипос намуд.

Ҳамчунин ҳамин рӯз вохӯрии муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Маҳмадшариф Ҳақдод бо сафири Туркманистон дар Тоҷикистон Чорӣ Атаев доир гардида, зимни мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои рушди робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ-гуманитариро мавриди муҳокима қарор доданд.

Гуфта мешавад, ҳавасмандии ҷонибҳо перомуни таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳор гардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Душанбе аз иҷрои нақшаи даъват ба артиш хабар дод. Суғд дар як рӯз 46%-и нақшаро пур кардааст

Дар рӯзи якуми маъракаи баҳории даъват ба артиш, нақшаи он дар тамоми кишвар 54,3% иҷро шудааст.

“Ҳамчун арзёбии пурра қабул кардан дуруст нест”. Вокуниши Оҷонсии ҳавошиносӣ ба радабандии пажуҳишгоҳи “IQAir” дар бораи ҳавои ифлоси Тоҷикистон

Пажуҳишгоҳи “IQAir” дар як гузориш навишт, ки дар соли 2025 Тоҷикистон аз лиҳози ифлосии ҳавои атмосферӣ дар ҷаҳон дар ҷойи сеюм қарор дошт.

“Сомон Эйр” аз оғози парвозҳои мунтазам дар масири Душанбе – Уфа – Душанбе хабар дод

Маълум кардем, ки кай парвоз оғоз мешавад ва нархи чипта чанд аст.

“Нешзанӣ”-и Путину “таъна”-и Пашинян. Баҳси тунди роҳбарони Русияву Арманистон дар ҳузури расонаҳо

Равобити ин кишвар дар пайи радди дахолати СААД ба ҷанги Арманистону Озарбойҷон ба сардӣ гароидааст.