Дарёфти 59 ҳазор қуттӣ сигарети бидуни ҳуҷҷат

Кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон 1 млн. 800 ҳазор дона сигарети бидуни ҳуҷҷати тамғаи «Винстон»-ро ошкор намуданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, санаи 31 марти соли равон кормандони хадамот дар шаҳри Душанбе дар асоси хабари фаврӣ воситаи нақлиёти боркаши тамғаи Мерседес Атекаро аз шоҳроҳи […]



Кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон 1 млн. 800 ҳазор дона сигарети бидуни ҳуҷҷати тамғаи «Винстон»-ро ошкор намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, санаи 31 марти соли равон кормандони хадамот дар шаҳри Душанбе дар асоси хабари фаврӣ воситаи нақлиёти боркаши тамғаи Мерседес Атекаро аз шоҳроҳи самти Хуҷанд –Душанбе барои гузаронидани муоинаи гумрукӣ боздошт намудаанд.

Гуфта мешавад, ҳангоми тафтиш аз дохили бордони воситаи нақлиёти мазкур ба миқдори умумии 59 ҳазор қуттӣ (1 млн. 800 ҳазор дона) сигарети тамғаи «Винстон»-ро бидуни ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мол пайдо намудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса мутобиқи талаботи қонунгузории ҷории амалкунанда чораҳои зарурӣ андешида шуда, тафтишот идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод зикр мекунанд, ки вазъият давоми як шабонарӯз пас аз супориши президент муътадил шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.