Кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон 1 млн. 800 ҳазор дона сигарети бидуни ҳуҷҷати тамғаи «Винстон»-ро ошкор намуданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, санаи 31 марти соли равон кормандони хадамот дар шаҳри Душанбе дар асоси хабари фаврӣ воситаи нақлиёти боркаши тамғаи Мерседес Атекаро аз шоҳроҳи самти Хуҷанд –Душанбе барои гузаронидани муоинаи гумрукӣ боздошт намудаанд.
Гуфта мешавад, ҳангоми тафтиш аз дохили бордони воситаи нақлиёти мазкур ба миқдори умумии 59 ҳазор қуттӣ (1 млн. 800 ҳазор дона) сигарети тамғаи «Винстон»-ро бидуни ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мол пайдо намудаанд.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса мутобиқи талаботи қонунгузории ҷории амалкунанда чораҳои зарурӣ андешида шуда, тафтишот идома дорад.


