Дар шумораи тозанашри маҷаллаи итолиёвии Donna доир ба тарроҳ (дизайнер)-и тоҷик Макнуна Ниёзова мавод нашр шуда, маҷалла ӯро «Ким Кардашяни тоҷик» номидааст.
Маҷаллаи итолиёвӣ барои бонувон – Donna бори нахуст акси духтари тоҷик – тарроҳи ҷавони тоҷик ва мудири кафедари лоиҳакашии бадеии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Макнуна Ниёзоваро чоп кард.
Валентина Равизза, муаллифи мавод Макнуна Ниёзоваро «Ким Кардашяни тоҷик» унвон карда, навиштааст, ки ӯ дар намоиши қарибулвуқӯъи мӯди Осиё дар Кореяи Ҷанубӣ иштирок мекунад. Моҳи сентябри соли гузашта Макнуна Ниёзова дар озмуни Face of Central Asia (Симоҳои Осиёи Марказӣ) пирӯзӣ ба даст оварда, ба иштирок дар ин намоиши мӯд даъват шуд.
Макнуна Ниёзова ягона тарроҳ аз Тоҷикистон буд, ки дар озмуни «Симоҳои Осиёи Марказӣ» дар Қазоқистон ширкат варзид. Муаллифи мавод менависад, «ӯ ба ҳозирини озмун сарулибоси миллии тоҷикиро ба маърази тамошо гузошта, тавассути эҷоди худ ба пешрафту муаррифии фарҳанги хосса ва ҳунари мардуми худ саҳм гузошт».


