Раиси шаҳри Душанбе дар бораи рӯзи 14 апрел баргузор шудани
иҷлосияи навбатии панҷуми
Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷум қарор ба имзо расонид.
Тавре дар сомонаи шаҳрдории Душанбе дар ин робита иттилоъ дода мешавад, дар иҷлосия номзад ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ ба ивази аъзои хориҷшуда собиқ роҳбари дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ Бахтиёр Худоёрзода дар ҳавзаи интихоботии шаҳри Душанбе №4 пешбарӣ мешавад.
Гуфта мешавад, дар иҷлосия ҳамчунин масоили марбут ба омодагиҳо ба таҷлили
25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар пойтахт ва номгузорӣ ва номивазкунии маҳалла, кӯча, майдон, хиёбон, боғ, пул ва дигар қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе низ баррасӣ мешавад.
Зимнан зикр мегардад, ба рӯзномаи иҷлосия ҳамчунин масъалаи тасдиқи қарорҳои қабулан қабулшдаи раиси пойтахт низ ворид карда шудааст.


