Парвандаи адвокат Бузургмеҳр Ёров ба суд ирсол шуд

ASIA-Plus



Прокуратураи генералии Тоҷикистон тафтиши парвандаи ҷиноӣ нисбати адвокати тоҷик Бузургмеҳр Ёровро ба итмом расонида, онро ҷиҳати баррасӣ ба Суди олии ҷумҳурӣ ирсол намуд.

Хешону наздикони адвокат ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ба парвандаи Б.Ёров муҳри махфӣ гузошта шуда, баррасии он пушти дарҳои пӯшида сурат мегирад.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта нисбати Бузургмеҳр Ёров мутобиқи моддаҳои 189 (Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ); 247 (Қаллобӣ); 307 (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии ҶТ), 307

1

(Даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва 340 (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ,  штамп, муҳр ва бланкаҳои қалбакӣ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.

Бузургмеҳр Ёров 29 сентябри соли гузашта баъди аз ҷониби ӯ таъсис дода шудани Кумитаи ҳимояи аъзои ҳабсшудаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон боздошт шуда буд.

Б.Ёров ҳамчунин шахси бовариноки раиси Ҳизби фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъи наҳзати исломӣ буд. Баъди як рӯзи изҳороти Б.Ёров оид ба нисбати аъзои ҳабсшудаи ҲНИТ истифода шудани шиканҷа, ӯ ба қаллобӣ муттаҳам ва ба ҳабс гирифта шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Наврӯз – бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ҳамаи мардуми шарифи кишварро бо ҷашни Наврӯз табрик мегӯяд.

Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" хонандагону корбарони худро бо иди Фитр табрик мегӯяд.

Расонаҳо: Қамчибек Тошиев ба Қирғизистон баргашт ва ба бозпурсӣ даъват шуд

Ӯ чун шоҳид дар доираи ду парвандаи ҷиноӣ бозпурсӣ мешавад.

Абрнок ва баъзан борон меборад. Ҳавои рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон

Дар баъзе минтақаҳо ҳатто боридани барф дар назар аст

Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе – Хуҷанд баланд шудааст?

Дар моварои иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз, ки дар...

Думаи давлатӣ қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон ва соҳибони патентро сангинтар кард

Бо чанде аз шартҳо онҳо ба тарки кишвар ё гирифтани патент барои худ уҳдадор мешаванд.