Оғози Даҳсолаи дуюми мусобиқаи футболи «МегаФон»

Иттилоияи расмӣ



Дар ҷумҳурӣ лоиҳаи хайрияи “Оянда аз ту вобаста аст” оғоз шуд. Ташкилотчии мусобиқаҳои ҳарсола доир ба футбол байни хонаҳои бачагон ва мактаб-интернатҳо ширкати “МегаФон” дар якҷоягӣ бо Федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. 

Мусобиқаи “Оянда аз ту вобаста аст” аз ҷониби оператор, аллакай тӯли шаш сол дар ҷумҳурӣ амалӣ мегардад.. Бозиҳо ба таври анъанавӣ дар якчанд марҳила гузаронида мешаванд: аввалан футболбозони ҷавон дар бозиҳои сатҳи минтақавӣ рақобат мекунанд, минбаъд марҳилаи ҷумҳуриявӣ барпо мегардад ва аз ҳама дастаҳои пурзӯри Тоҷикистон ба мусобиқаи суперфинал, ки дар шаҳри Сочи, Федератсия Русия мегузарад, сафарбар мешаванд. Он ҷо мукофоти асосӣ бурд карда мешавад – сафар ба Лондон, ба меҳмонии клуби футболии “Арсенал”.


Дар соли 2016 мусобиқаҳои “Оянда аз ту вобаста аст” логотипи навро ба даст овард, ки бо назардошти талаботи ҳозиразамон таъсис дода шудааст. Вай се ҷузъи муҳимро муттаҳид намуд, ки асоси мусобиқа мебошанд: тӯби футбол, ситора – рамзи ғалаба – ва гул (чунки кӯдакон, чӣ тавре ки маълум аст, гули зиндагӣ мебошанд). Рангҳои логотип ба таври анъанавӣ чун пештара нигоҳ дошта шудаанд: сабз, сафед ва бунафш. Илова бар ин, дар ВАО роҷеъ ба рафти мусобиқа тавзеҳ дода мешавад – нашрияҳои асосӣ, стансияи радио ва каналҳои телевизионии Россия ва Тоҷикистон дар бораи лоиҳаи бузурги “МегаФон” баён мекунанд. Тозатарин ахбор дар хусуси мусобиқа, маълумот оид ба дастаҳо, наворҳо ва маводҳои видеоӣ ва бисёр чизи дигарро ҳамеша дар сомонаи расмии лоиҳа


football.megafon.ru


. метавон дарёфт намуд.  

Тавре маълум аст, варзиш барои насли наврасу ҷавон ҳамчун мактаби муҳими ҷаҳонфаҳмию тарғиби арзишҳои олии инсонӣ, аз қабили дӯстиву бародарӣ, сулҳу озодӣ, эҳтиром ба миллатҳои гуногун ва ҳамкориҳои судманди байни кишварҳо хизмат мекунад.

Баргузории мусобиқаи футбол байни хонандагони мактаб-интернатҳо низ пеш аз ҳама бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавигардонӣ ва рушди футбол ва мустаҳкам намудани муносибатҳои дӯстӣ байни хонандагони мактаб-интернатҳо мебошад. Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамасола дар ҳамкорӣ бо Кумита баргузории мусобиқаҳоро байни хонандагони мактаб- интернатҳои ҷумҳурӣ баргузор менамояд.

Дар иртибот ба ин ширкати «Мегафон» низ баҳри тарғиби тарзи ҳаёти солим ҳамасола дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ як қатор мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ баргузор менамоянд.

«Соли шашум аст, ки зери сарпарастии ширкати «Мегафон» Мусобиқаи футбол байни хонандагони мактаб-интернатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Оянда аз ту вобаста аст» баргузор гардида, ғолибони мусобиқоти мазкур барои иштирок дар марҳилаи ниҳоии он ба шаҳри Сочии Федератсияи Россия роҳхат мегиранд”- мегӯяд Аҳтам АБДУЛЛОЗОДА, Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қайд кардан ба маврид аст, ки соли 2011 дастаи футболбозони Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз мактаб-интернати вилояти Суғд) дар чорабинии мазкур дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия ширкат варзида, ғолиби ин чорабинӣ гардиданд ва ба сайри Клуби «Арсенал»-и шаҳри Лондони Британияи Кабир муваффақ шуданд.

Дар фарҷом ба ширкати «Мегафон» барои саҳми муносиб гузоштан дар рушди футболи тоҷик ва таваҷҷуҳ ба хонандагони мактаб-интернатҳо изҳори сипос менамоям».


“Кӯдакони мактаб-интернатҳои Тоҷикистон хотираҳои тозаро дар бобати мусобиқаи соли 2015 ҳоло ҳам  дар ёд доранд.  Дар ёди ғолибони мусобиқа бошад, сафар ба шаҳри Сочи, – мегӯяд Дилшод ҶУРАЕВ, ноиб-президенти Федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Акнун, садҳо нафар писарбачагони дорои қисмати мушкил, боз имконияти дар иди бузурги футбол ва дӯстӣ иштирок меварзанд. Аз номи Федератсия ҷумҳуриявии футбол ба ширкати “МегаФон” барои ин лоиҳаи зарур ва муҳим дар ҷумҳурӣ, миннтадории худро иброз менамоям. Аз ҷониби худ, мо тайёрем ҳамагуна кӯмакро барои гузаронидани ин мусобиқа расонем”.

“Ба бачагони кӯдакистонҳо ва интернатҳо на он қадар туҳфа, балки малакаҳои муфид   зарур аст, ки барои ҳаёти минбаъда ба онҳо кӯмак хоҳанд кард. Ва албатта, эҳсоси лозимӣ дар ҷамъият. Бинобар ин, мусобиқаи “Оянда аз ту вобаста аст” чунин муҳим аст. Бачаҳо дар вақти мусобиқаҳо бурд кардан ва дӯсти карданро меомӯзанд, бо дигар шаҳрҳо ва давлатҳо шинос мешаванд. Чӣ тавр ба мо комёбиҳои варзишии онҳо муҳим аст, дарк мекунанд. Баъзе аз иштирокчиёни мусобиқа, ҳатто оилаҳои нави худро пайдо мекунанд.       Хулоса, ҳатто онҳое, ки ҷойҳои намоёнро ишғол накардаанд, ғолиб меоянд. Ба ҳама иштирокчиёни мусобиқа бозии хуб ва фараҳмандиро самимона таманно дорам!” – мегӯяд директори иҷроияи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Денис НИКИТИН.


Маълумот доир ба лоиҳа

Давоми даҳ сол зиёда аз 800 дастаҳои хонаҳои бачагон ва мактаб-интернатҳои 120 шаҳрҳои Россия ва дигар давлатҳо иштирок варзидаанд: Тоҷикистон, Осетияи Ҷанубӣ, Абхазистон, Латвия, Хитой. Аз соли 2005 зиёда аз 25 000 духтарбачаҳо ва писарбачаҳо барои ғолиби мусобиқа гаштан, рақобат варзидаанд. Якҷоя бо фонди “Як ҳаётро тағйир намо” зиёда аз 700 анкетаи видеоӣ бо ташкилкунандагони мусобиқа таъсис дода шудааст. То январи соли 2016 зиёда аз 170 нафари онҳо оилаҳои худро пайдо намудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...