Ҳафтаи «Поси хотир» дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Ғалаба

ASIA-Plus



Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, бахшида ба 71-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) дар пойтахти Тоҷикистон Ҳафтаи «Поси хотир» доир мегардад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, мутобиқи ин қарор ба Кумитаи кор бо ҷанговарони интернатсионалисти Тоҷикистон иҷозат дода шудааст, ки рӯзи 7 май  дар назди муҷассамаи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Александр Мироненко барои поси хотири ҷанговарони интернатсионалист ҷамъомад баргузор намояд.

Гуфта мешавад, рӯзи 7 май ҳамчунин дар Боғи устод Рӯдакӣ миёни сарбозону афсарони қисмҳои низомии шаҳри Душанбе Фестивал–озмуни сурудҳои ватандӯстонаи «Суруди сарбоз» доир мегардад.

Ғайр аз ин, мувофиқи ин қарор дар шаҳри Душанбе бо собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва коргарони ақибгоҳи ҷанг як силсила вохӯриҳо гузаронида мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, Рӯзи Ғалаба – 9 май дар пойтахти Тоҷикистон баргузор кардани чорабиниҳои расмӣ ба нақша гирифта нашудааст.

Қаблан раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев пойтахт дастур дода буд, ки аз ҳисоби буҷети шаҳр ба собиқадорони ҷанги шаҳри Душанбе ба ҳар кадоме 1 ҳазору 500 сомонӣ ва аз ҳисоби буҷети ноҳияҳои шаҳр боз 50 сомонӣ кумакпулӣ ҷудо карда шавад.

Ба санаи 15 апрел дар Тоҷикистон 633 нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ зинда монда, давоми як сол 175 собиқадорони ҷанг аз олам даргузаштанд. Шумори коргарони ақибгоҳи ҷанг дар Тоҷикистон ҳудуди 2 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Ғалаба ба ҳар кадоме аз собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва меҳнат, оилаҳои дар фронт фавтидагон ва шахсони дорои хизматҳои шоиста ба ватан 2 ҳазор сомонигӣ

кумакпулӣ ҷудо кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Наврӯз – бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ҳамаи мардуми шарифи кишварро бо ҷашни Наврӯз табрик мегӯяд.

Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" хонандагону корбарони худро бо иди Фитр табрик мегӯяд.

Расонаҳо: Қамчибек Тошиев ба Қирғизистон баргашт ва ба бозпурсӣ даъват шуд

Ӯ чун шоҳид дар доираи ду парвандаи ҷиноӣ бозпурсӣ мешавад.

Абрнок ва баъзан борон меборад. Ҳавои рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон

Дар баъзе минтақаҳо ҳатто боридани барф дар назар аст

Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе – Хуҷанд баланд шудааст?

Дар моварои иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз, ки дар...

Думаи давлатӣ қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон ва соҳибони патентро сангинтар кард

Бо чанде аз шартҳо онҳо ба тарки кишвар ё гирифтани патент барои худ уҳдадор мешаванд.