Ташрифи як ҳайати ХБА ба Тоҷикистон

ASIA-Plus



Як ҳайати Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) таҳти роҳбарии Пол Росс ба Тоҷикистон ташриф оварда, рӯзи панҷшанбе бо муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои котиботи Вазорати молияи ҶТ, зимни мулоқот ҷонибҳо ба масоили сиёсти моливу андоз ва бонкӣ, нақшаҳои буҷети соли 2016 ва бо назардошти дурнамоҳои иқтисодӣ, ба хароҷоти афзалиятнок, даромадҳои интизоридошта, касри тарҳрезишуда ва сарчашмаҳои маблағгузории он таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, Пол Росс бо ироаи тавсия ва пешниҳодҳо перомуни ҳадафу вазифаҳои сафари ҳайат ибрози назар кардааст.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни сафар ҳайати ХБА ният дорад, ки бо раёсатҳои Вазорати молия масоили зарурӣ оид ба самтҳои асосии сиёсати иқтисодиро баррасӣ намояд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни вохӯрӣ Каримзода зикр кардааст, ки давоми ҳамкориҳо бо ХБА, бахусус дар самти баргузор кардани ислоҳот дар бахшҳои молияи Тоҷикистон пешравиҳои назаррас ба даст оварда шуда, изҳори итминон шудааст, ки минбаъд низ ҳамкориҳо бо Хазина дар заминаи созандагӣ рушду густариш хоҳанд ёфт.

Қаблан

иттилоъ дода будем

, ки ХБА як ҳайати худро ба Тоҷикистон мефиристад, то ки имкони кумаки молӣ ба ин кишвар баррасӣ ва барномаи дастгирӣ мувофиқа шавад.

Мудири департаменти Шарқи Наздик ва Осиёи Марказии ХБА Масъуд Аҳмад ба нашрияи 

Financial Times

 дар ин робита гуфта буд, ки бинобар сабаби бозгашти муҳоҷирон ба ватан ва ҳамчунин ба иллати коҳиши арзиши алюминий ва нахи пахта, ки маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон мебошанд, Тоҷикистон бо «мушкидоти ҷиддӣ» дучор шудааст.

Қобили зикр аст, ки моҳи феврали соли равон муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ба ин нашрия иттилоъ дода буд, ки оид ба ҷалби воситаҳои ХБА дар ҳаҷми 500 млн. доллари ИМА гуфтушунид ҷараён дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Наврӯз – бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ҳамаи мардуми шарифи кишварро бо ҷашни Наврӯз табрик мегӯяд.

Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" хонандагону корбарони худро бо иди Фитр табрик мегӯяд.

Расонаҳо: Қамчибек Тошиев ба Қирғизистон баргашт ва ба бозпурсӣ даъват шуд

Ӯ чун шоҳид дар доираи ду парвандаи ҷиноӣ бозпурсӣ мешавад.

Абрнок ва баъзан борон меборад. Ҳавои рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон

Дар баъзе минтақаҳо ҳатто боридани барф дар назар аст

Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе – Хуҷанд баланд шудааст?

Дар моварои иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз, ки дар...

Думаи давлатӣ қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон ва соҳибони патентро сангинтар кард

Бо чанде аз шартҳо онҳо ба тарки кишвар ё гирифтани патент барои худ уҳдадор мешаванд.