Ташрифи як ҳайати ХБА ба Тоҷикистон

Як ҳайати Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) таҳти роҳбарии Пол Росс ба Тоҷикистон ташриф оварда, рӯзи панҷшанбе бо муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода дидору гуфтушунид кард. Бино ба иттилои котиботи Вазорати молияи ҶТ, зимни мулоқот ҷонибҳо ба масоили сиёсти моливу андоз ва бонкӣ, нақшаҳои буҷети соли 2016 ва бо назардошти дурнамоҳои иқтисодӣ, ба хароҷоти […]

ASIA-Plus



Як ҳайати Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) таҳти роҳбарии Пол Росс ба Тоҷикистон ташриф оварда, рӯзи панҷшанбе бо муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои котиботи Вазорати молияи ҶТ, зимни мулоқот ҷонибҳо ба масоили сиёсти моливу андоз ва бонкӣ, нақшаҳои буҷети соли 2016 ва бо назардошти дурнамоҳои иқтисодӣ, ба хароҷоти афзалиятнок, даромадҳои интизоридошта, касри тарҳрезишуда ва сарчашмаҳои маблағгузории он таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, Пол Росс бо ироаи тавсия ва пешниҳодҳо перомуни ҳадафу вазифаҳои сафари ҳайат ибрози назар кардааст.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни сафар ҳайати ХБА ният дорад, ки бо раёсатҳои Вазорати молия масоили зарурӣ оид ба самтҳои асосии сиёсати иқтисодиро баррасӣ намояд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни вохӯрӣ Каримзода зикр кардааст, ки давоми ҳамкориҳо бо ХБА, бахусус дар самти баргузор кардани ислоҳот дар бахшҳои молияи Тоҷикистон пешравиҳои назаррас ба даст оварда шуда, изҳори итминон шудааст, ки минбаъд низ ҳамкориҳо бо Хазина дар заминаи созандагӣ рушду густариш хоҳанд ёфт.

Қаблан

иттилоъ дода будем

, ки ХБА як ҳайати худро ба Тоҷикистон мефиристад, то ки имкони кумаки молӣ ба ин кишвар баррасӣ ва барномаи дастгирӣ мувофиқа шавад.

Мудири департаменти Шарқи Наздик ва Осиёи Марказии ХБА Масъуд Аҳмад ба нашрияи 

Financial Times

 дар ин робита гуфта буд, ки бинобар сабаби бозгашти муҳоҷирон ба ватан ва ҳамчунин ба иллати коҳиши арзиши алюминий ва нахи пахта, ки маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон мебошанд, Тоҷикистон бо «мушкидоти ҷиддӣ» дучор шудааст.

Қобили зикр аст, ки моҳи феврали соли равон муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ба ин нашрия иттилоъ дода буд, ки оид ба ҷалби воситаҳои ХБА дар ҳаҷми 500 млн. доллари ИМА гуфтушунид ҷараён дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.