Намоишгоҳи маҳсулоти ширкатҳои ватанӣ дар «Кохи Борбад»

Дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳ-ярмаркаи молу маҳсулот ва хизматгузориҳои ширкатҳои ватанӣ ҷараён дорад. Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Манзура Рустамова қайд кард, ки ҳадаф аз барузории ин чорабинӣ – мусоидат ба истеҳсолкунандагони кишвар дар дарёфти мақоми худ дар бозорҳои дохиливу беруна ва беҳбуди сатҳи муаррифӣ ва […]

ASIA-Plus



Дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳ-ярмаркаи молу маҳсулот ва хизматгузориҳои ширкатҳои ватанӣ ҷараён дорад.

Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Манзура Рустамова қайд кард, ки ҳадаф аз барузории ин чорабинӣ – мусоидат ба истеҳсолкунандагони кишвар дар дарёфти мақоми худ дар бозорҳои дохиливу беруна ва беҳбуди сатҳи муаррифӣ ва шиноспазирии молу маҳсулоти тамға (бренд)-и ватанӣ аст.

«Баргузор кардани чунин чорабиниҳо ба роҳандозии муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо истеҳсолкунандагон, тақвияти фаъолияти соҳибкорӣ, барқарор намудани робитаҳои судманди корӣ, ҷалби таваҷҷуҳи сармоягузорони имконпазир ва фармоишгарон ба ширкатҳои рақобатпазири Тоҷикистон мусоидат мекунад», – гуфт М.Рустамова.

Дар намоишгоҳ молу маҳсулоти беш аз 30 корхонаву ширкатҳо аз саросари кишвар, аз ҷумла ҶСП «Комбинати шири Душанбе», ҶДММ «Фабрикаи шири Саодат», ҶСП «Ширин», ҶДММ «Маколли», ҶСП «Сомон фуд», ҶДММ «Эскимо мастер» ва дигар корхонаву ширкатҳои ватанӣ ба маърази тамошову фурӯш гузошта шудаанд.

Маҳсулоти корхонаву ширкатҳои ватанӣ аз маҳсулоти гӯштиву ширӣ, ҳасибу панир, маснӯоти қаннодиву макаронӣ, шириниҳо, афшураҳо (сок), нӯшокиҳо ва хушкмева, ҳамчунин доруворӣ, маснӯоти трикотажӣ, техникаи барқӣ ва маишӣ, маҳсулоти гигиенӣ, масолеҳи сохтмон, қолинҳо ва ғайра иборат аст.

Намоишгоҳ ярмаркаи мазкур то 7 май идома ёфта, натиҷаҳои он ҷамъбаст ва Ширкат (корхона)-и беҳтарину Маҳсулоти беҳтарини сол интихоб карда мешаванд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.