Ҷустуҷӯи нафту газ дар 25%-и қаламрави Тоҷикистон

Беш аз 25%-и қаламрави Тоҷикистон (34,6 ҳазор метри мураббаъ)-ро заминҳое ташкил медиҳанд, ки барои ҷустуҷӯи маҳсулоти нафту газ мувофиқ дониста мешаванд. Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки то имрӯз дар қаламрави кишвар 25 конҳои таркибашон иборат аз нафту газ кашф ва дарёфт шуда, гузашта […]

Пайрав Чоршанбиев



Беш аз 25%-и қаламрави Тоҷикистон (34,6 ҳазор метри мураббаъ)-ро заминҳое ташкил медиҳанд, ки барои ҷустуҷӯи маҳсулоти нафту газ мувофиқ дониста мешаванд.

Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки то имрӯз дар қаламрави кишвар 25 конҳои таркибашон иборат аз нафту газ кашф ва дарёфт шуда, гузашта аз ин, боз 40 майдони ояндадори нафту газ дар марҳилаи омӯзиш қарор доранд.

Тибқи маълумоти гузориши ахири Тоҷикистон оид ба Ташаббуси шаффофияти соҳаҳои истихроҷ, майдонҳои ояндадори нафту гази ҷумҳурӣ дар минтақаи ҷанубу ғарб ва шимоли Тоҷикистон ҷойгир шудаанд.

Захираҳои ашёи хоми маҳсулоти нафту газ (углеводород) 1033,76 млн. тонна сӯзишвории шартӣ, аз ҷумла 857 млрд. м3 газ, 117,6 млн. тонна нафт ва 36 млн. тонна гази конденсат арзёбӣ мешаванд.

Ба масъалаҳои ҷустуҷӯ ва кашфи конҳои нафту газ дар минтақаи ҷанубу ғарби  Тоҷикистон корхонаҳои зерин машғуланд: КВД «Нафту газ» дар кони нафти Патинак; ҶДММ «Салоса» дар кони Миёнборик, Сафедтеппа, Қуми Ҷанубӣ; ширкати «Кӯлоб Петролем Лимитед» дар кони Усунихор, Пушёни Ҷанубӣ; ҶДММ «Азизӣ» дар кони Шоҳамбарӣ; ҶСП «Ҳасан ва С» дар кони Селдузд.

Дар минтақаи шимоли кишвар ҶДММ «Петролеум Суғд» дар 11 кон ба ҷустуҷӯ ва кашфи нафт машғул аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.