Тақвияти тадбирҳои назорати хориҷиён дар қаламрави ВМКБ

Дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти унвони рамзии «Хориҷиён» амалиёт ҷараён дорад, ки то 20 май идома меёбад. Амалиётро мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқу КДАМ ва прокуратура баргузор мекунад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, ин чорабинӣ бо мақсади пешгирӣ ва ошкор […]


Дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти унвони рамзии «Хориҷиён» амалиёт ҷараён дорад, ки то 20 май идома меёбад. Амалиётро мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқу КДАМ ва прокуратура баргузор мекунад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, ин чорабинӣ бо мақсади пешгирӣ ва ошкор намудани роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ, пурзӯр намудани назорат оид ба риояи қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ҳудуди вилоят гузаронида мешавад.

Гуфта мешавад, то аввали моҳи равон аз тарафи гурӯҳи кории муштарак дар бозорҳои марказии шаҳр ва ноҳияҳои вилоят, нуқтаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, ташкилотҳои байналмиллалӣ, идораву муассисаҳое, ки дар онҳо шаҳрвандони хориҷӣ кору фаъолият мекунанд, санҷишҳо гузаронида шуданд.

Ба иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ 91- нафар шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла 21-нафар шаҳрвандони Қирғизистон, 25-нафар шаҳрвандони Афғонистон, 4-нафар шаҳрвандони Молдова, 2- нафар шаҳрванди Ҳиндустон, 17-нафар шаҳрвандони Туркия, 16- нафар шаҳрвандони Сербия, 2- нафар шаҳрванди ИМА, 2- нафар шаҳрванди Бритониёи Кабир, 2- нафар шаҳрванди Ҷопон инчунин ташкилотҳои байналмиллалии «МСДСП», «ҶТЗ», «Донишгоҳи Осиёи Марказӣ» ва меҳмонхонаҳои «Деҳли- Дарбор», «Варзиш», «Сирена», «Лаъл», «Кевикас» таҳти санҷиш қарор дода шуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар рафти амалиёт аз тарафи гуруҳҳои корӣ 4 нафар шаҳрвандони хориҷӣ – муҳоҷирони меҳнатӣ барои вайрон намудани қоидаҳои будубош дар қаламрави ҷумҳурӣ, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.  

«Аз ҷумла 1 нафар шаҳрванди Молдова ба маблағи 800 сомонӣ, 1 нафар шаҳрванди Афғонистон ба маблағи 1600 сомонӣ ва 2 нафар шаҳрвандони Қирғизистон ҳар кадоме ба маблағи 800 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд», -омадааст дар маълумот мақомот.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки ҳамагӣ аз ҳисоби ҷарима ба буҷети давлат 4 ҳазор сомонӣ маблағ ворид карда шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.