Муовини раиси парлумони Арманистон – ҳамоҳангсози нозирони АБП ИДМ

Ассамблеяи байнипарлумонӣ (АБП)-и Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ҷиҳати пайгирӣ (мониторинг)-и баргузор намудани раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Тоҷикистон гурӯҳи нозиронро сафарбар мекунад. Нозиронро шахсан раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров даъват кардааст. Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки айни […]



Ассамблеяи байнипарлумонӣ (АБП)-и Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ҷиҳати пайгирӣ (мониторинг)-и баргузор намудани раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Тоҷикистон гурӯҳи нозиронро сафарбар мекунад. Нозиронро шахсан раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров даъват кардааст.

Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки айни замон корҳои ташкили гурӯҳи нозирон аз АБП ИДМ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, ба ҳайати он вакилони парлумони кишварҳои узви ИДМ, кормандони Котиботи Шӯрои АБП ИДМ ва коршиносони Пажуҳишгоҳи байнулмилалии мониторинги рушди демократия, парламентаризм ва риояи ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрвандони кишварҳои узви АБП ИДМ шомил хоҳанд шуд.

Гуфта мешавад, бо супориши раиси Шӯрои АБП ИДМ Валентина Матвиенко муовини раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Эрмине Нагдалян ҳамоҳангсози ин гурӯҳ таъин карда шудааст.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон ҷаласаи навбатии КМИР-ро доир намуда, дар он дар бораи бақайдгирии гурӯҳи навбатии нозирони байнулмилалӣ аз ИДМ ва АБП ИДМ қарор қабул шуд. Имрӯз 62 нафар намояндагон аз ИДМ, 29 нафар намояндагон аз АБП ИДМ ва 1 нафар намоянда аз Созмони ҳамкории Шанхай сабтином шуданд.

КМИР Тоҷикистон бақайдгирии намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ ва минтақавиро идома медиҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.