Арзиши ҳаҷ барои тоҷикистониён 5 ҳазор сомонӣ афзуд

Зиёрати макони муқаддаси Ислом барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар соли равон 28 ҳазору 649,1 ҳазор сомониро ташкил хоҳад дод, ки бо қурби ҳозира ба беш аз 3,5 ҳазор доллари ИМА баробар аст. Дар ин бора рӯзи 6 май Кумита оид ба корҳои дини назди ҳуккмати ҷумҳурӣ расман маълумот интишор намуд. Дар муқоиса бо соли гузашта арзиши […]



Зиёрати макони муқаддаси Ислом барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар соли равон 28 ҳазору 649,1 ҳазор сомониро ташкил хоҳад дод, ки бо қурби ҳозира ба беш аз 3,5 ҳазор доллари ИМА баробар аст. Дар ин бора рӯзи 6 май Кумита оид ба корҳои дини назди ҳуккмати ҷумҳурӣ расман маълумот интишор намуд.

Дар муқоиса бо соли гузашта арзиши ҳаҷ ба беш аз 5 ҳазор сомонӣ афзуда, дар Кумита изҳор медоранд, ки нархи сафар ба макони муқаддаси Ислом бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ мувофиқа шудааст.

Бино ба маълумоти Кумита, маблағи мазкур барои пардохти маблағи чиптаи ҳавопаймо аз ду тараф, маблағи иқоматгоҳҳои муваққатии зист дар шаҳрҳои Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара, се вақт хӯроки гарм, пардохти боҷи шоҳӣ (авоид), пардохти маблағи қурбонӣ, хизматрасонии иловагӣ дар Мино, Арафот ва Муздалифа, пардохти маблағи кумаки аввалияи тиббӣ, маблағ барои эмгузаронӣ, маблағ барои хизматрасонии роҳбаладон, гурӯҳи корӣ ва ҳайати табибон, маблағи суғуртаи ҳаҷравандагон, маблағ барои таҳия ва харидории ҷомадон, сумкаи дастӣ бо рамзҳои Тоҷикистон барои ҳоҷиён, роҳбаладон, гурӯҳи корӣ ва табибон, инчунин барои ба роҳ мондани дарсҳои омӯзишӣ барои ҳоҷиён қабл аз мавсими ҳаҷ истифода мешавад.

Дар маълумот зикр мегардад, ки ҳарчанд аз сабаби бо асъори хориҷӣ (доллари амрикоӣ) ба роҳ монда шудани ҳамаи қарордодҳо бо ширкатҳои хизматрасони Арабистони Саудӣ ва нисбатан боло рафтани қурби доллари амрикоӣ дар бозори асъори Тоҷикистон, нархи хизматрасониҳо бо пули миллӣ дар соли ҷорӣ нисбатан боло рафта бошад ҳам, дар маҷмӯъ, арзиши имсолаи хизматрасониҳои мавсими ҳаҷ нисбат ба соли гузашта бо ҳисоби асъори хориҷӣ бетағйир боқӣ монда, мисли соли гузашта 3 ҳазору 584 долларро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта беш аз 6 ҳазор нафар тоҷикистониён маросими ҳаҷро адо намуданд. Дар робита ба афзоиши шумори хоҳишмандони адои маросими ҳаҷ, ҳукумати Тоҷикистон соли 2015 барои зойирин маҳдудияти синнусолӣ ҷорӣ карда, акнун танҳо аз синни 40-солагӣ метавон ба адои маросмим ҳаҷ раҳсипор шуд.

Кумита оид ба корҳои дини ҷумҳурӣ ҳамасола аз Арабистони Саудӣ зиёд кардани шумори квотаҳо барои ҳаҷ то 8 ҳазор нафарро дархост мекунад, зеро имрӯз шумори аҳолии Тоҷикистон қариб ба 8,5 млн. нафар расида, квота аз ҳисоби як ҳаҷкунанда ба  ҳазор нафар аҳолии мусалмони кишвар (дар Тоҷикистон – беш аз 90%-и аҳолӣ мусалмон) муқаррар карда мешавад, вале Арабистони Саудӣ алҳол ба зиёд кардани квота шитоб надорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.