Шиносоии дипломатҳои хориҷӣ бо вазъи мухаддирот дар Тоҷикистон

Бо ташаббуси Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди президенти Тоҷикистон рӯзи 6 май дар Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳои ҶТ, намояндагони Раёсати маводи нашъаовар ва ҷинояткории СММ, роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ, намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ ва ҷамъиятӣ маросими рӯнамои «Гузориши вазъи маводи нашъаовар дар Тоҷикистон дар соли 2015» доир гардид. Сухангӯи АНМН Хушнуд […]

Аваз Юлдошев



Бо ташаббуси Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди президенти Тоҷикистон рӯзи 6 май дар Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳои ҶТ, намояндагони Раёсати маводи нашъаовар ва ҷинояткории СММ, роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ, намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ ва ҷамъиятӣ маросими рӯнамои «Гузориши вазъи маводи нашъаовар дар Тоҷикистон дар соли 2015» доир гардид.

Сухангӯи АНМН Хушнуд Раҳматуллоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки назди ҳозирин бо паёми шодбошӣ роҳбари Агентӣ Шерхон Салимзода суханронӣ намуда, ба кишварҳои мададрасон барои ҳамкорӣ миннатдорӣ изҳор намуд ва қайд кард, ки ин гузориш моҳи марти соли равон дар Вена дар доираи иҷлосияи 59-уми Комиссияи маводи нашъаовар (CND)-и Раёсати маводи нашъаовар ва ҷинояткории СММ муаррифӣ шуда буд.

Ба иштирокчиёни вохӯрӣ ҳамчунин «Гузориши вазъи маводи нашъаовар дар Тоҷикистон дар соли 2015» муаррифӣ шуда, зикр гардид, дар он доир ба тадбирҳои андешидаи ҳукумат, вазорату идорахои ҶТ, ҳамчунин созхмонҳои байнулмилалӣ дар самти назорати маводи мухаддир ва пешгирии нашъамандӣ, мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар ҶТ, истеҳсоли ғайриқонунии он дар Афғонисон, тадбирҳои коҳиши талабот ба маводи мухаддир дар Тоҷикистон маълумот дода шудааст.

Ғайр аз ин, ба масоили таҳкими марзи давлатӣ, баргузор намудани амалиёти муштараки зидди маводи нашъаовар бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои минтақа низ таваҷҷуҳ зоҳир гардида, ҷиноёти марбут ба маводи мухаддир мавриди таҳлил қарор гирифт ва дурнамои рушди вазъи мухаддирот дар Тоҷикистон дар соли 2016 пешниҳод шуда, вазифаҳои асосӣ дар соли ҷорӣ муайян шуданд.

Намояндаи Раёсати маводи нашъаовар ва ҷинояткории СММ дар маърӯзаи худ ба амалисозии барномаиҳои зидди маводи нашъаовари Раёсати СММ дар Тоҷикистон баҳои баланд дод.

Зимни чорабинӣ назди ҳозирин ҳамчунин директори маркази маводи нашъаовари ба номи М.Ғуломов Маҳмадраҳим Малахов, директори иҷроияи иттиҳодияи ҷамъиятии «СПИН-Плюс» Пӯлод Ҷамолов, директори маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ Абдулҳамид Қаюмов суханронӣ карда, изҳор доштанд, ки мутахассисону коршиносон ва намояндагони ВАО дар маводи худ мунтазам аз маълумоти оморӣ, далелу таҳлил ва дурнамоҳои зикршуда дар «Гузориш» истифода мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.