Сокини пойтахт аз шиносҳояш бо фиреб 66 ҳазор $ гирифт

Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон нисбати сокини 58-солаи шаҳри Душанбе аз рӯи далелҳои қаллобӣ парвандаи ҷиноӣ боз намуд. Ӯ ҳадди ақал дар се ҳолати фиреби одамон – сокинони Душанбе ва ноҳияи Варзоб гумонбар дониста мешавад. Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин маълумот менависад, ӯ бо роҳи фиреб ба боварии шиносҳояш даромада, моҳи майи соли 2013 […]

ASIA-Plus



Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон нисбати сокини 58-солаи шаҳри Душанбе аз рӯи далелҳои қаллобӣ парвандаи ҷиноӣ боз намуд. Ӯ ҳадди ақал дар се ҳолати фиреби одамон – сокинони Душанбе ва ноҳияи Варзоб гумонбар дониста мешавад.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин маълумот менависад, ӯ бо роҳи фиреб ба боварии шиносҳояш даромада, моҳи майи соли 2013 аз сокини 57-солаи пойтахт 26 ҳазор доллари ИМА гирифта, то ҳол барнагардонидааст.

«Бо ҳамин восита ӯ аз сокини 51-солаи ноҳияи Варзоб – 20 ҳазор ва зани 37-солаи сокини пойтахт – низ боз 20 ҳазор доллари ИМА «қарз гирифта», онҳоро низ то ҳанӯз барнагрдонидааст ва маблағи умумии гӯё қарзи гирифта аз шиносҳояш 66 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад», – омадааст дар маълумоти ВКД Тоҷикистон.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин далелҳо парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.