Роҳандозии барномаи беҳбуди саводнокии молиявии аҳолӣ дар «Спитамен Бонк»

ҶСП “Спитамен Бонк” барномаи баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолиро ба роҳ мемонад. Мақсади ин барнома дар рушди сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ, бо роҳи гузаронидани тренинг ва семинарҳои кушод, чопи матлаб дар ВАО ва сомонаҳои интернетӣ, инчунин тариқи дастгирии чорабиниҳои барои инкишофи маълумотнокии аҳолӣ доир ба молияи шахсӣ мебошад. Самтҳои асосии барнома баланд бардоштани саводнокии молиявии […]

Иттилоияи расмӣ



ҶСП “Спитамен Бонк” барномаи баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолиро ба роҳ мемонад. Мақсади ин барнома дар рушди сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ, бо роҳи гузаронидани тренинг ва семинарҳои кушод, чопи матлаб дар ВАО ва сомонаҳои интернетӣ, инчунин тариқи дастгирии чорабиниҳои барои инкишофи маълумотнокии аҳолӣ доир ба молияи шахсӣ мебошад.

Самтҳои асосии барнома баланд бардоштани саводнокии молиявии талабагони синфҳои болоӣ, беҳбуди саводнокии молиявии донишҷӯён, ва аҳолии баркамол мебошад.

Барои ҳар яке аз ин самтҳо барномаҳо ва модулҳои мутобиқшуда, ки талабот ва махсусияти аудиторияи ҳадафиро дар назар мегиранд, тайёр карда мешаванд.  

Чунонки доктори илмҳои иқтисодӣ, муовини аввали раиси Раёсати ҶСП “Спитамен Банк” Ҳикматов С.У. иброз дошт: “Саводнокии молиявӣ – ин заруриятест, ки бо тақозои шароити замона пайдо гардидааст. Таҷрибаи давлатҳои аз нигоҳи иқтисодӣ рушдкарда нишон медиҳад, ки шахс бояд аз хурдӣ саводи молиявӣ дошта бошад. Маҳз барои ҳамин, дар раванди омӯзишии давлатҳои рушдёфта фанҳои ба саводнокии молиявӣ марбут дохил карда шудаанд”.

Тренингҳо ва семинарҳо барои талабагони синфҳои боло ёрӣ мерасонанд, ки онҳо соҳиби донишҳои асосӣ гарданд ва сутунҳои саводнокии молиявиро аз бар кунанд. Ба донишҷӯён ва аҳолии баркамол саводнокии молиявӣ имконият медиҳад, ки доир ба маҳсулоти бонкӣ бештар маълумот пайдо намоянд ва инчунин дониши заруриро барои идораи буҷети оилавӣ пайдо кунанд.

“Спитамен Бонк”  мақсад дорад, ки ба беҳбудии аҳолӣ бо роҳи омӯзиши истифодаи дурусти воситаҳои молиявӣ ва маҳсулоти бонкӣ мусоидат карда, инчунин ба паст шудани сатҳи камбизоатӣ тариқи омӯзонидани истифодаи самараноки буҷети оила саҳми худро гузорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.