Мақомоти Тоҷикистону Русия амалҳои террористиро пешгирӣ карданд

Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти муштараки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ – аъзои ташкилоти террористии ба ном «Давлати Исломӣ» боздошт гардиданд, ки дар рӯзи 9-уми май – ҷашни Ғалаба дар шаҳри Москва ва инчунин дар шаҳри Душанбе қасди анҷом додани амалҳои терррористиро доштанд. Бино ба иттилои маркази матбуоти […]



Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти муштараки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ – аъзои ташкилоти террористии ба ном «Давлати Исломӣ» боздошт гардиданд, ки дар рӯзи 9-уми май – ҷашни Ғалаба дар шаҳри Москва ва инчунин дар шаҳри Душанбе қасди анҷом додани амалҳои терррористиро доштанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, 2 майи соли 2016, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ дар шаҳри Москва, дар якҷоягӣ бо кормандони ВКД ҶТ ва мақомоти қудратии Федератсияи Россия аъзоёни ташкилоти террористии ба ном «Давлати исломӣ» – Саитов Айбек Салихджанович, соли таваллудаш 1984, зодаи Ҷумҳурии Қирғизистон, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини ноҳияи Ҷ. Расулов, миллаташ узбек, Тошболтаев А.А., ки шаҳрвандии Ҷумҳурии Қирғизистон ва Федератсияи Россияро дорад, дастгир гардида, аз онҳо ду автомат ва ду тирдон бо тирҳояш мусодира карда шуд.

Ҳангоми дастгир кардани ин гурӯҳи террористӣ Саитов А. муқовимати мусаллаҳона нишон дода, аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия ҷароҳат бардошт. Айни ҳол ӯ дар беморхона қарор дорад.

Гуфта мешавад, рӯзи 6 майи соли ҷорӣ, ҳаммаслаки онҳо шаҳрванд Менгликулов Достон Ҳасанович, соли таваллудаш 1994, сокини деҳаи Навбаҳори ноҳияи Қубодиён, миллаташ узбек, аъзои ташкилоти террористии ба ном «Давлати Исломӣ» ҳангоми аз шаҳри Москва ба Тоҷикистон барои содир намудани акти террористӣ омадан, дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе дастгир гардид. Аз руи нишондоди Менгикулов Д.Х. се нафар ҳаммаслакони ӯ аз ноҳияи Қубодиён дастгир карда шуда, инчунин аз ҷои зисти Саитов А.С. дигар лавозимоти ҷангӣ мусодира карда шуд.

Ҳангоми азназаргузаронии манзили дастгиршудагон, дар ноҳияи Қубодиён як адад компютери тамғаи «Ноут-Бук», 6 флешкорт, 30 дона диск, 10 дона китобҳои экстремистӣ, 1 адад харитаи Тоҷикистон, 1 компас, инчунин  ду адад мухобира ва ду адад таппончаҳои дарсомузӣ дарёфт ва мусодира гардид.

Дастгиршудагон аз ҷониби мубаллиғони ташкилоти террористии ба ном «Давлати Исломӣ», ки айни ҳол дар давлати Сурия қарор доранд, раҳнамоӣ шуда, ин амалиётро бо номи «Красная свадьба» номгузорӣ ва тарҳрезӣ намудаанд. Айни ҳол нисбати номбурдагон чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишотӣ идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.