Маблағгузории БАОР ба лоиҳаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон

Фонди авруосиёии субот ва рушди Бонки авруосиёии рушд (БАОР) доир ба баргузор кардани марҳилаи аввали озмун оид ба пешниҳоди грантҳо ба кишварҳои узви Фонд ҷиҳати маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои иҷтимоӣ дар қаламрави кишварҳои Арманистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон эълон интишор намуд. Тавре дафтари матбуоти Вазорати молияи Русия дар ин робита хабар медиҳад , грантҳо барои амалисозии лоиҳаҳо […]

ASIA-Plus



Фонди авруосиёии субот ва рушди Бонки авруосиёии рушд (БАОР) доир ба баргузор кардани марҳилаи аввали озмун оид ба пешниҳоди грантҳо ба кишварҳои узви Фонд ҷиҳати маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои иҷтимоӣ дар қаламрави кишварҳои Арманистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон эълон интишор намуд.

Тавре дафтари матбуоти Вазорати молияи Русия дар ин робита

хабар медиҳад

, грантҳо барои амалисозии лоиҳаҳо дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, беҳбуди самаранокии идоракунии давлатӣ, таъминот ва ҳифзи иҷтимоӣ, ҳамчунин таъмини амнияти ғизойӣ пешниҳод карда мешаванд.

Маблағи умумии воситахои Фонди авруосиёии субот ва рушд дар доираи марҳилаи аввал ба ҳудуди 10 млн. доллари ИМА баробар буда, ҳаҷми маблағгузории 1 лоиҳа бо муҳлати амалисозии то 1,5 сол аз 0,5 то 2 млн. доллари ИМА ва муҳлати амалисозии аз 1,5 ва зиёда аз он сол аз 2 то 5 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Муҳлати қабули дархостҳо то 30 сентябри соли 2016 муқаррар шудааст.

Фонди авруосиёии субот ва рушд (қаблан – Фонди зиддибуҳронии ЕврАзЭС) дар ҳаҷми 8,513 млрд. доллари ИМА механизми молиявии минтақавиест, ки соли 2009 аз ҷониби Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Фаъолияти Фонд ба бартараф кардани оқибатҳои манфии буҳрон, таъмини суботи дарозмуҳлат ва мусоидат ба ҳамгиройии иқтисодҳои кишварҳои узви Фонд нигаронида шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.