Суруд доир ба ҷангҳо дар Ироқу Сурия ба телевизиони Тоҷикистон роҳ наёфт

Шабакаи телевизиони давлатии «Сафина» суруди «Пайкара гиря мекунад»-ро, ки аз ҷониби овозхони маъруфи кишвар Афзалшоҳи Шодӣ дар шаби эҷодии шоир Озарахш пеш аз ҷашни Наврӯз иҷро карда шуда, ба даргирҳои хунин дар Шарқи Наздик аз ҷумла, Ироқу Сурия бахшида шудааст, ба намоиш нагузошт. Зимни шарҳи ин масъала дар нишасти хабарӣ муовини роҳбари шабакаи телевизиони «Сафина» […]

ASIA-Plus



Шабакаи телевизиони давлатии «Сафина» суруди «Пайкара гиря мекунад»-ро, ки аз ҷониби овозхони маъруфи кишвар Афзалшоҳи Шодӣ дар шаби эҷодии шоир Озарахш пеш аз ҷашни Наврӯз иҷро карда шуда, ба даргирҳои хунин дар Шарқи Наздик аз ҷумла, Ироқу Сурия бахшида шудааст, ба намоиш нагузошт.

Зимни шарҳи ин масъала дар нишасти хабарӣ муовини роҳбари шабакаи телевизиони «Сафина» Карим Азизов изҳор намуд, ки ин суруд бо назардошти омилҳои ахлоқӣ аз эфир гирифта шудааст.

«Имрӯз барномаҳои моро дар саросари ҷаҳон тамошо мекунанд ва мо ҳама гуна маводу гузоришро пахш карда наметавонем. Шаби эҷодии шоир пеш аз ҷашни Наврӯз намоиш дода шуд. Афзалшо Шодиев бошад, зимни иҷрои суруд ба зону нишаста ва баъзан гиря ҳам мекунад. Чӣ гуна метавон ин ҳолатро ба намоиш гузошт, вақте дар кишвар ид аст?», – гуфт Карим Азизов.

Дар ҳамин ҳол, ӯ ангезаи сиёсӣ доштани ин масъаларо рад намуда, таъкид дошт, ки дар шабакаи телевизиони «Сафина» мудом рӯйдодҳои Сурия инъикос гардида, дар ин мавзӯъ барномаҳои алоҳида ҳам пахш мешаванд. «Ҳамкории мо бо Афзалшо Шодиев идома дошта, минбаъд низ дигар сурудҳои ӯ дар шабака пахш хоҳанд шуд», – гуфт ӯ.

Дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» Афзалшо Шодиев дар мавриди ин масъала зикр кард, ки дар шабакаи телевизион ба ӯ шарҳ додаанд, ки қайчӣ шудани ҳунарнамоии ӯ аз барномаи шаби эҷодӣ ба мушкилоти техникӣ марбут будааст.

«Вале ман хафа нашудаам. Шукри Худо интернет мавҷуд буда, сурудро дар он аллакай ҳудуди 400 ҳазор нафар корбарон тамошову гӯш додаанд. Чун дар суруд аз дарди ҷомеа сухан меравад, он дар қалби шунавандагон на камтар аз дигар таронаҳоям ҷойи худро ёфт», – илова намуд овозхон. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.