Муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон ҳамоно «манфист»

Тӯли 6 моҳи соли 2016 ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон беш аз 1 млрд. 939 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 ба андозаи 2,8% ё худ 56,6 млн. доллари ИМА камтар аст. Тавозуни савдо дар ин давра манфӣ буда, беш аз 1 млрд. 60 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст. […]

Пайрав Чоршанбиев



Тӯли 6 моҳи соли 2016 ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон беш аз 1 млрд. 939 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 ба андозаи 2,8% ё худ 56,6 млн. доллари ИМА камтар аст.

Тавозуни савдо дар ин давра манфӣ буда, беш аз 1 млрд. 60 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Ҳаҷми содироти мол давоми 6 моҳи аввали соли ҷорӣ 439,4 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2015 ба миқдори 18,7 млн. доллари ИМА ё худ 4,4 % зиёдтар аст.

Ҳаҷми воридоти мол дар ин давра ба ҳудуди 1,5 млрд. доллари ИМА баробар шудааст, ки нисбат ба 6 моҳи аввали соли гузашта ба андозаи 4,8% ё худ 75,3 млн. долллари ИМА камтар мебошад.

Давоми моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ Тоҷикистон бо 99 кишвари дунё муомилоти молӣ анҷом додааст. Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Русия (наздики 508 млн. $), Чин (беш аз 483 млн. $), Қазоқистон (307,7 млн. $) ва Туркия (152 млн. $) дониста шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.